Изҳороти муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Май 5, 2021 20:03

ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 01-02 майи соли 2021 дар шаҳри Ботканди вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии якҷояи ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар рӯҳияи эътимоди тарафайн ва ҳамсоягии нек, бо истинод ба таърихи қадимаи ҳамзистии осоиштаи ду халқи бародар, оид ба қабули чораҳои фаврӣ, ки ба ҳалли вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон равона шудаанд, эҳё ва фаъолсозии  кори Комиссияи муштарак мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт.

Роҳбарони ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи зарурати тасвири ҳарчи зудтари хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қисматҳои боқимонда пурра изҳори ҳамдигарфаҳмӣ карданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои тасвири хати лоиҳавии Сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар қисматҳои аз нуқтаи сарҳадии № 43 то нуқтаи сарҳадии № 61 ва аз нуқтаи сарҳадии №135 то нуқтаи сарҳадии №141 аз ҳуҷҷатҳо ва маводи марзбандии миллию ҳудудии солҳои 1924-1927 ва комиссияи паритетии соли 1989 истифода мекунанд.

Ба гурӯҳҳои кории топографӣ дастур дода шуд, ки хати лоиҳавии Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар қисматҳои дар боло зикршуда аз 5 то 9 майи соли 2021 тасвир кунанд.

Ҳамзамон бо ин, дар минтақаҳои ОвчӣҚалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Чоркӯҳ, Сомониён, Хоҷаи Аълои шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нуқтаҳои аҳолинишини Максат, Кулундуи Лайлак, Коктерек, Оқсойи ноҳияҳои Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон гурӯҳҳои кории Тарафҳо то 17 майи соли 2021 ба иҷрои корҳои топографӣ ва тасвири хатти лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қисматҳои болозикр шурӯъ мекунанд.

Ба мувофиқа расида шуд, ки то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва барасмиятдарории қонунии Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон, бо мақсади ҳаракати бемамониати шаҳрвандон, убури воситаҳои нақлиёт ва молҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибҳо роҳи мошингарди “Хоҷаи Аъло-Ворух”-ро дар хамгашти самти шарқии нуқтаи аҳолинишини Тангӣ (Капчигай)якҷоя месозанд ва ҷониби Тоҷикистон истифода ва нигоҳдорӣ мекунад. Мақоми ин роҳро созишномаи алоҳидаи давлатӣ байни ду кишвар муайян мекунад.

Барои ҳарчи зудтар оғоз намудани сохтмони ин роҳ ба гурӯҳҳои кории топографӣ супориш дода шуд, ки якҷоя бо ташкилоти лоиҳакашӣ тадқиқоти саҳроии ин мавзеъро дар заминҳои истифодаи амалии минтақаи Ботканд то 1 июни соли 2021 анҷом диҳанд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки баъди ба итмом расидани сохтмони роҳи мошингарди “Хоҷаи Аъло-Ворух” дар хамгашти шарқии нуқтаи аҳолинишини Тангӣ (Капчигай) ба тасвири лоиҳавии хати Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон шурӯъ мекунанд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи муштараки навбатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.

Аз ҳайати                                                                                Аз ҳайати
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                       Ҷумҳурии Қирғизистон

Ятимов С.С.                                                                                Ташиев К.К.

Май 5, 2021 20:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи арзёбии фаврӣ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ гардид
Вохӯрии дуюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Самарқанд баргузор шуд
Бо истифода аз барномаи «Нозири минтақавии ман» шаҳрвандон метавонанд нозири минтақавии худро шиносанд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Киҳо хуқуқи дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат карданро доранд?
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро гардид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Артиши миллӣ беш аз 80 фоиз иҷро шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Хизматчиёни ин сохтори низомӣ дар таъмини суботу оромӣ саҳми назаррас доранд
Ба 60 нафар даъватшаванда дар ноҳияи Мастчоҳ шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Дар Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғд иншооти нав ифтитоҳ гардид
Модарони Файзобод бо дуо ва суханҳои нек муҳофизони Ватанро ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ сафи ихтиёриён барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ меафзояд
Даъватшавандагони Шаҳринав сарбаландона ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд