Ҷаласаи ҳамоҳангсозии сарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои узви СААД дар АБ САҲА фосилавӣ баргузор гардид

Июнь 25, 2021 09:06

ДУШАНБЕ, 25.06.2021 /АМИТ «Ховар»/.  24 июни соли равон  таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ  Маҳмадалӣ Ватанзода  ҷаласаи ҳамоҳангсозии сарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ  дар Ассамблеяи Байнипарлумонии   Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо  дар реҷаи фосилавӣ баргузор гардид.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар назди иштирокчиёни нишаст аз рӯи масъалаи рӯзномаи ҷаласаи мазкур  «Оид ба пешниҳодҳо роҷеъ ба мусоидати пайвастаи муколамаи парлумонӣ дар шакли ҳамкории Ассамблеяи Парлумонии СААД ва Ассамблеяи Парлумонии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо оид ба масъалаҳои манфинияттҳои тарафайн» муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ  Маҳмадалӣ Ватанзода  баромад намуд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома «Дар бораи ташаббуси ворид шудан ба рӯзномаи Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Ҳамкории Аврупо, дар соли 2022 ва дурнамои дастгирии ҳайатҳои парлумонии кишварҳои узви СААД, қарорҳо оид ба масъалаҳои мубориза бо эҳёи нацизм ва ҳифзи ҳақиқати таърихӣ дар ҷаҳони муосир» муовини Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, роҳбари ҳайати парлумонии Маҷлиси Федералии Россия дар Ассамблеяи  Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Ҳамкории Аврупо  Петр Толстой баромад намуданд.

Роҷеъ ба масъалаи дигари рузнома «Дар бораи ҳамкории ҳайатҳои Ассамблеяи Парлумонии СААД бо намояндагони гурӯҳҳои мониторинги САҲА,  дар ҷараёни назорати байналмилалии равандҳои интихоботӣ дар кишварҳои узви СААД»  муовини раиси Кумитаи Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия  оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамгироии АвруОсиё ва робита бо ҳамватанон Умахан Умаханов баромад намуданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин сарони парлумонҳои кишварҳои узви СААД доираи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карда, доир ба масоили ҷорие, ки дар рӯзномаи созмон дар марҳилаи муосир матраҳ гаштаанд, мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагон

 

Июнь 25, 2021 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид
ФАЗОИ ДИНӢ ВА ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ МУОСИР. Ҳамовозӣ ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин