Душанбе мизбони вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои СҲШ мегардад

Июнь 3, 2021 11:22

ДУШАНБЕ,03.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/  дар Душанбе ҷаласаи коршиносони аршад барои омода намудани вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои узви СҲШ бо иштироки намояндагони кишварҳои Ҳиндустон, Чин, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия ва  Тоҷикистон дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ доир гардид. Баргузории вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои узви СҲШ 15-16 июли соли  равон дар доираи ҳамоиши ҷашнии сарони кишварҳои узви СҲШ, ки  16-17 сентябр дар Душанбе доир мегардад, ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни давлатҳои аъзои СҲШ дар шароити таҳдиди ҷаҳонии пандемияи COVID-19, имконоти эҷоди хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва таъмини амнияти сайёҳон дар ин хатсайрҳо байни кишварҳои узви СҲШ, лоиҳаи Нақшаи амалиёти муштарак барои солҳои 2021-2022 оид ба татбиқи Барномаи ҳамкории СҲШ дар соҳаи сайёҳиро баррасӣ намуданд.

Инчунин лоиҳаи Протокол ва иртиботи иттилоотӣ аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви СҲШ тасдиқ гардида, омодагӣ ба мулоқоти роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви СҲШ, форуми сайёҳии СҲШ ва фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои узви СҲШ, лоиҳаи Протоколи ҷаласаи коршиносони маъмурияти сайёҳии кишварҳои узви СҲШ дар бораи омодагӣ ба ҷаласаи сарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви СҲШ-ро муҳокима намуданд.

Яке аз ҳадафҳои асосии СҲШ дар баробари таҳкими боварии мутақобилан судманд ва ҳамсоягии неки кишварҳои аъзо, мусоидат ба ҳамкории самарабахш дар соҳаи сайёҳӣ низ маҳсуб меёбад.

Аксҳо аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ

Июнь 3, 2021 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Бахшида ба ҷашни Меҳргон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид