Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи кушод оид ба таэквондо ВТФ миёни наврасон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 25.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 26 июн дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Тоҷикистон – зидди маводи мухаддир» Мусобиқаи кушод оид ба таэквондо ВТФ миёни наврасон баргузор мешавад. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони соли таваллудашон 2005-2007 аз ҳамаи минтақаҳои мамлакат метавонанд ширкат намоянд. Қувваозмоиҳо дар 5 вазн миёни писарон ва 3 вазн миёни духтарон доир мегардад.
Дар ин бора аз Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Мусобиқаи кушод оид ба таэквондо ВТФ миёни наврасон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир баргузор шуда, ҳадафи он рушди варзиши таэквондо, ҷалби наврасон ба варзиш ва дур нигоҳ доштани онҳо аз одатҳои номатлуб мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ин намуди варзиш соли 1987 пайдо шуда, соли 1992 Федератсияи таэквондо ВТФ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Шодӣ Саидов аввалин президенти федератсияи мазкур интихоб гардид. Аз соли 1993 Федератсияи таэквондо ВТФ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Федератсияи таэквандои ҷаҳонӣ мебошад.
Сол ба сол таваҷҷуҳ дар кишвар ба ин намуди варзиш зиёд гардида, шароити варзишгарон хуб шуда истодааст. Бояд гуфт дар ин намуди варзиш духтарон низ таваҷҷуҳ намуда истодаанд. Барои роҳхат гирифтан ба бозиҳои олимпӣ ду нафар аз бонувони тими мунтахаби таеквондои кишвар Моҳрӯ Ҳалимова (Душанбе) ва Манижа Маткаримова (Кӯлоб) бо квотаи президентӣ сарфароз гардидаанд.
Хотиррасон мешавем, ки узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо ВТФ Моҳрӯ Ҳалимова дар Чемпионати Осиё оид ба таэквондо, ки 16-18 июни соли равон дар шаҳри Бейрути Лубнон бо иштироки 186 варзишгар аз 30 давлати ҷаҳон баргузор шуд, сазовори медали биринҷӣ гардид.








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард






