Вирусолог пайдоиши супер-штамми коронавирусро пешгӯӣ кард
ДУШАНБЕ, 10.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Пас аз чанд сол метавонад гунаи тағйирёфтаи коронавирус пайдо шавад, ки ба он ваксинаҳои муосир асар нахоҳанд кард. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора директори Пажӯҳишгоҳи эпидемиология ва микробиологияи ба номи Г.П.Сомови Роспотребнадзор, мудири кафедраи эпидемиология, микробиология ва паразитологияи мактаби биомедицинаи Донишгоҳи федералии Шарқи Дур, мудири лабораторияи вирусологияи МФМ Гуногунии биологии шуъбаи АИР дар Шарқи Дури Михаил Шелканов зимни мусоҳиба бо рӯзномаи русии «Известия» изҳор доштааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳар гуна вирус, алахусус вируси дорои РНК (ки ангезандаи (патогени) COVID-19 ба он мутааллиқ аст), метавонад танҳо дар шакли «абри намудҳо» вуҷуд дошта бошад.
Ҳатто дар як ҳуҷайраи сироятёфта на як, балки якчанд намуди вирус мавҷуд мебошад.
«Шароити мушаххаси вазъ метавонад ба такомули мусбати ин ва ё он намуди муайяни вирусӣ, ки дар ҳудуди муайян ҳоким шудааст, мусоидат кунад», — нақл кард олим. — Бинобар ин, вирус ё комилан маҳв мешавад, ё ин ки ҳамеша аз эминияти дастаҷамъии мо ним қадам пеш хоҳад буд. Аз ин рӯ, пайдоиши гунаи тағйирёфта (эскейп-мутант), ки ваксинаҳои муосир ба он беасар хоҳанд буд, ба мурури вақт вобаста аст. Тақрибан якчанд сол».
Тавре ки коршинос таъкид кард, дар ояндаи наздик пайдо шудани чунин намуди вирусро интизор набояд шуд. Ҳама ваксинаҳои Россия дар муқобили намудҳое, ки ҳоло маълуманд, муассиранд. Аммо, дер ё зуд, гунаи нави вирус пайдо мешавад ва ваксинаҳои мавҷуда дар муқобили он беасар хоҳанд буд.
«Ин меъёри зиндагӣ аст. Коршиносон инро мефаҳманд ва аз ин рӯ заминаҳои технологии мо имкон медиҳанд, ки гунаи ваксинӣ зуд тағйир дода шавад. Ва ин комилан ноаён сурат хоҳад гирифт, чунон ки ҳангоми зуком сурат мегирад», — нақл кард мутахассис.
АКС: РИА «Новости»








Дар Душанбе ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» қадрдонӣ гардиданд
Дар даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» 370 хонандаю донишҷӯ иштирок менамоянд
«Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030». Барои пешгирӣ аз ин беморӣ чӣ бояд кард?
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. Кормандони соҳаи хизмати давлатӣ дар Беларус такмили таҷриба менамоянд
Форуми байналмилалии малакаҳо: Тоҷикистон — 2026 дар ноҳияи Данғара оғоз шуд
Муовини якуми Раиси ҲХДТ дар Конфронси II байналмилалии байниҳизбӣ дар Беларус иштирок намуд
Лоиҳаҳои барномаҳои пешгирӣ ва назорати диабети қанд ва рушди саноати фарматсевтӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 таҳия гардиданд
Сарвари давлат: «Дар Қуръони маҷид нахустин ояте, ки нозил шудааст, ба илму маърифат, яъне ҳидоят ба «хондан» бахшида шудааст»
Форуми байналмилалии «Занон ва об-2026» ба пешбурди масъалаҳои гендерӣ дар соҳаи об мусоидат намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Занон ва об» оғоз гардид






