АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Аз 3 то 6 июл ҳарорати ҳаво боло рафта, эҳтимоли сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст

Июль 3, 2021 08:34

ДУШАНБЕ, 03.07.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 3 то 6 июли соли равон дар мамлакат ҳарорати ҳаво боло рафта, дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли сар задани селҳои пиряхӣ дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар  доданд.

Инчунин ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 3-7 июл бо сабаби болоравии ҳарорати ҳаво баландшавии сатҳи оби ҳавзаи дарёҳои Панҷ ва Вахш пешгӯӣ мешавад.

Дар ин замина Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии мамлакат даъват менамояд, ки дар ин рӯзҳо чораҳои эҳтиётиро риоя намуда, селпарто ва заҳбурҳоро аз партовҳо тоза намоянд. Ҳамчунин аз ҷамъоварии ҳезум, баромадан ба шикор ва чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Аз меҳмонон ва сокинони ҷумҳурӣ хоҳиш  карда мешавад, ки аз нурҳои офтоб дурӣ ҷӯста, кӯшиш  кунанд ҳамеша дар соя бошанд ва бе зарурат ба кӯча набароянд.

Июль 3, 2021 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад