Дар Хатлон ҷоизадорони Озмуни «Ободгари Ватан» муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 09.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон як зумра соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар бунёди бино ва иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд, аз тарафи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҷоизаи “Ободгари Ватан” ва «Сипоснома»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардиданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, Самизода Фарух — барои бунёди “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ”-и 7-ошёна дар деҳаи Хуррамзамин Ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара, Салимов Ромиш- барои бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Симурғ” дар деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара, Саидзода Раҳимҷон-барои бунёди муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии “Нури тиб” дар деҳаи Ғиҷоваки Ҷамоати деҳоти Пушинг ноҳияи Данғара, Тилабов Хуҷаназар- барои бунёди Толори варзишии 2 — ошёна ва майдончаи варзишии универсалӣ дар деҳаи Нурбахши Ҷамоати деҳоти Лолазор ноҳияи Данғара, Раҳимов Алишер-барои бунёди маркази савдою изматрасонӣ ва коргоҳи дузандагӣ дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб, Ханаев Тоир — барои бунёди тавалудхона барои 10 кат, майдончаи варзишӣ ва 2 синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №61-и деҳаи Ваҳдати шаҳраки Ҳаёти нави ноҳияи Ёвон, Давлатов Гулмаҳмад-барои бунёди сехи дузандагӣ, майдончаи варзиши сартарошхона, кошонаи ҳусн, дорухона ва дукони гӯштфурушӣ дар Ҷамоати деҳоти Заргар ноҳияи Кӯшониён, Атовуллоев Мустафо-барои бунёди меҳмонхона, қаҳвахона, толори саққобозӣ, маркази дилхушии кӯдакона, маркази хизматрасонии техникӣ ва мағоза дар Ҷамоати Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, Нозимов Олимхӯҷа-барои бунёди маркази савдо ва меҳмонхона дар Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус ноҳияи Шаҳритус, Назриев Шаҳриёр-барои бунёди хонамӯзеи устод Ҷурабек Назриев дар ноҳияи Ховалинг, Қосимов Фурқат-барои мумфарш намудани роҳи маҳаллаи Ғайрат ва саҳми арзанда дар корҳои ободонию созандагии шаҳри Бохтар бо ҷоизаи “Ободгари Ватан” ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардиданд.












Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи обуҳавошиносӣ дар доираи «MAZU» тақвият меёбад
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нахустнамоиши «Бобоҷон Ғафуров» пешкаши тамошобинон мегардад
Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ҳамоиши ҷавонони Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир шуд
Қоҳир Расулзода бо вазири федералии энергетикии Покистон Авайс Аҳмад Хан Леғарӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи Гурӯҳи кории намояндагони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид
Дар Душанбе рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Бонки Олмонии рушд баррасӣ гардид
Аҳамияти муҳими «CASA -1000» дар ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуд
«Амонатбонк» ҳамкориро бо Бонки кишоварзии Чин тақвият медиҳад
Ҳаракати қатораи мустақими мусофирбар дар масири Душанбе — Москва барқарор карда шуд
Шурои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Барномаи шарикии кишварӣ барои Тоҷикистонро қабул намуд
Барои ҳаракати нақлиёти боркаши гаронвазн дар роҳҳои мошингард маҳдудият ҷорӣ гардид






