Кишоварзони ноҳияи Балҷувон боғпарвариро рушд дода, бештар ниҳолҳои меваашон содиротӣ мешинонанд

Июль 6, 2021 10:51

 БАЛҶУВОН, 06.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аъзоёни хоҷагии деҳқонии «Эмдара»-и  Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон  дар майдони 5 гектар боғи нав бунёд карданд, ки дар он ниҳолҳои зардолую шафтолу, себу нок, чормағзу бодом, гелос ва дигар ниҳолҳои ба шароити иқлими минтақа мутобиқро шинониданд. Хоҷагидорон мақсад доранд, ки  сол ба сол майдони боғотро  васеъ намоянд ва ниҳолҳои меваашон содиротӣ бештар шинонанд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, ҳоҷагии мазкур  дар майдони 45 гектар ташкил карда шуда, натиҷаи коркарди саривақтӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ буд, ки ниҳолҳои шинонидаи кишоварзон 98 фоиз сабзида,  нашъунамои хуб доранд.

Барои шодоб намудани майдони боғ хоҷагидорон тадбирҷӯӣ намуда, чоҳи амудӣ канда,  дар қисмати болоии боғ обанбор сохтаанд. Бо фароҳам овардани шароит сабзавоткорӣ ва бунёди токзорро низ ба роҳ мондаанд.

Тавре роҳбари хоҷагӣ Идибек Бобоев итиллоъ дод, барои чорвои хоҷагӣ бошад аз алафҳои табии байни боғ хӯроки дурушти чорво захира карда истодаанд. Дар ҳудуди ноҳия дар дигар хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ айни замон дарави алафҳои табиӣ ва юнучқа муташаккилона ба роҳ монда шудааст. Ҳамарӯза беш аз 100 адад техника ба саҳро баромада барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани хӯроки чорво машғули коранд.

Гуфта шуд, ки имсол дар ноҳияҳои водӣ ва баъзе ноҳияҳои кӯҳистони мамлакат сабзиши алаф он қадар хуб нест ва кишоварзони ноҳияи Балҷувон кӯшиш намуда истодаанд, ки аз нақшаи дурнамо зиёд хошок захира намуда, чорводорони дигар ноҳияҳоро низ бо хӯроки дурушти чорво таъмин намоянд.

Акс аз манбаъҳои боз

Июль 6, 2021 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд