Кумитаи рушди сайёҳӣ: «Таваҷҷуҳи шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ барои дидани мавзеъҳои тамошобоби ҷумҳурӣ меафзояд»
ДУШАНБЕ, 10.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Сол то сол таваҷҷуҳи шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ барои дидани мавзеъҳои ҷолиб ва тамошобоби минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ меафзояд. Барои ба ин комёбӣ ноил гардидан, қабл аз ҳама мавҷудияти воситаҳои қабул ва хизматрасониҳои сайёҳӣ мусоидат менамоянд. Дигар омили мусоидаткунанда рушди инфрасохтор, аз ҷумла беҳтар гардидани ҳолати роҳҳои маҳаллӣ, хизматрасонии нақлиётӣ, бунёди марказҳои муосири савдо, тиҷорати меҳмонхонавӣ ва ғайра мебошанд.
Ин матлабро Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи мазкур оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон ва вазифагузориҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021, ки бо иштироки мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Сайфидин Сироҷзода, намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи рушди маҳал доир гардид, баён намуд.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар ҷаласа Раиси Кумита Тоҷиддин Ҷӯразода зикр намуд, ки дар натиҷаи ҳамкорӣ ва саъю кӯшиши якҷоя бо сохтроҳои марбута омили эҳёи босуръати рушди соҳа таъмин гардида, дар ин замина шаҳрвандон бо ҷойҳои кории нав таъмин гардида, беҳтар гардидани сифати нави зиндагии мардум ва аз ҳама муҳим омили мусоидаткунанда барои ба раванди ҷаҳонии сайёҳӣ шомил шудани давлатамон, ҳамчун кишвари осоишта ва дорои иқтидори бузурги сайёҳӣ бо пешниҳоди хизматрасонии муносиб боис мегардад.
Масъулини вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллӣ бо дарназардошти соли ниҳоии «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои фаъолияти пурсамар ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабиниҳои банақшагирифта барои ҳамкории зич давъат гардиданд.
Ҳамчунин ҷиҳати ташкили босифати чорабиниҳо, аз ҷумла форуми сайёҳии СҲШ, Фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои СҲШ, Форуми байналмилалии рушди агротуризм, дар доираи таҷлили 20 — солагии Созмони ҳамкории Шанхай, Фестивали байналмилалии «Душанбе-пойтахти сайёҳии ЭКО» масъулин дастурҳои мушаххас гирифтанд.
Аксҳо аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ








Дар Суғд Форуми байналмилалии «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ» баргузор мегардад
Деҳқонони хоҷагии «Ёрмуҳаммад»-и ноҳияи Кӯшониён бозори дохилиро бо маҳсулоти барвақтӣ таъмин менамоянд
РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 16 миллиард сомонӣ расид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ ҳамоиш доир шуд
Дар доираи RES-2026 ҳамкории иқлимии кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият меёбад
Вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Мински Беларус ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Дар АМИТ «Ховар» доир ба масъалаи муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон беш аз ҳазор гармхонаи доимамалкунанда фаъолият менамоянд
Дар ноҳияи Айнӣ майдони кишти картошка зиёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Се ташкилоти қарзии молиявии Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳо хориҷ карда шуд
Дар Душанбе Маркази минтақавии омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо ва криосфераи Осиёи Марказӣ таъсис меёбад






