Аз 11 то 16 сентябр дар Уляновск миёни кишварҳои узви ИДМ Фестивали VIII байналмилалии варзишии мактабиён доир мешавад
ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 16 сентябри соли равон дар шаҳри Уляновски Русия Фестивали VIII байналмилалии варзишии мактаббачагон миёни кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад. Дар назар аст, ки дар фестивал зиёда аз 400 варзишгари ҷавон дар ҳайати дастаҳои мунтахаби 11 кишвар: Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова, Русия ва Украина ширкат намоянд. Аз соли 2018 инҷониб дар Фестивал дастаҳои мактабӣ азҷамъиятҳои халқҳои ИДМ, ки дар Русия ба сар мебаранд, иштирок мекунанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд, чун анъана, дар доираи фестивал мусобиқаҳо оид ба футбол, волейбол, баскетбол 3 × 3, тенниси рӯи миз, бадминтон ва шоҳмот баргузор мешаванд. Илова бар ин дар озмунҳо барои иштирокчиён барномаи фарҳангӣ ва маърифатӣ ташкил карда мешавад: экскурсияҳо ба ҷойҳои ҷолиби диққат, гузоштани гулҳо дар маҷмааи ёдгории Ҷанги Бузурги Ватанӣ, намоиши филмҳо ва маҳорати варзишгарони маъруф.
«Фестивали кишварҳои ИДМ яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини лоиҳаи федералии «Варзиши кӯдакон» мебошад. Мактаббачагоне, ки ба чунин озмунҳо меоянд, на танҳо дӯстони нав пайдо мекунанд, балки фарҳанги кишварҳои дигарро меомӯзанд, бо анъана ва зиндагии сокинони Русия шинос мешаванд ва аз ҳама муҳим, ба мо, калонсолон барои бо як забон ҳарф задан ва муносибатҳои дӯстонаамонро мустаҳкам кардан кумак мекунанд», гуфт ҳамоҳангсози лоиҳаи федералии «Варзиши кӯдакон», варзишгари барҷаста Ирина Роднина.
Ташаббуси баргузории Фестивали байналмилалии варзишии мактаббачагон аз ҷониби Федератсияи Умумирусиягии намудҳои варзиши мактабӣ соли 2012 пешниҳод шуда, аз ҷониби Ассамблеяи байнипарлумонӣ, Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ, Россотрудничество ва Вазорати варзиши Федератсияи Русия дастгирӣ карда мешавад. Аз соли 2013 ин чорабинӣ ҳамасола дар минтақаҳои гуногуни Русия баргузор мешавад.
Аксҳо: Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






