Бахшида ба 110-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода маҳфили адабӣ барпо мегардад
ДУШАНБЕ, 22.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 23 сентябр, соати 14:00, дар толори калони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 110-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, устоди забардасти насри муосир Сотим Улуғзода маҳфили адабӣ барпо мегардад. Дар он шоирону нависандагон ва ҳунармандони номвар иштирок мекунанд. Даромад ба маҳфил озод аст, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Сотим Улуғзода 2 сентябри соли 1911 дар деҳаи Варзики ноҳияи Чуст (вилояти Намангони Ҷумҳурии Узбекистон) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Волидони Сотимхон аз табақаи кишоварзони камбизоат, вале соҳибдил буданд. Модараш зани босавод буда, гоҳ-гоҳе машқи шеър мекардааст. Сотимхон дар нуҳсолагӣ аз модар ва дар даҳсолагӣ аз падар бенасиб мемонад. Баъдан вай дар мактаби усули нав, ки дар Чуст ташкил шуда буд, ба таҳсил фаро гирифта мешавад.
Соли 1925 ба сафи донишҷӯёни Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд пазируфта шуда, соли 1932 онро хатм мекунад ва як сол дар ҳамин муассисаи таълимӣ ба касби муаллимӣ машғул мешавад. Чор соли таҳсил ва як соли фаъолияти муаллимӣ дар Дорулмуаллимин ба ташаккули шахсият ва ҳисси худшиносии Сотимхон мусоидат менамоянд. Ӯ дар ин муддат бо эҷодиёти Рӯдакиву Фирдавсӣ ва дигар шоҳсутунҳои адабиёти ҳазорсолаи тоҷик шинос мешавад, бо Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Нисор Муҳаммад, Абдурауф Фитрат барин шахсиятҳои фарҳангии тоҷик вомехӯрад.
Ҳамчунин дар солҳои дар Дорулмуаллимини Тошканд таҳсил карданаш Сотим Улуғзода ба донишҷӯйи факултети шарқшиносии Университети Осиёи Миёна Клавдия Блоговешенская дӯстӣ пайдо ва баъдҳо ба ӯ издивоҷ намуд, ки онҳо соҳиби ду фарзанд — Азиз ва Норахон гардиданд.
Сотим Улуғзода соли 1930 ба пойтахти Тоҷикистон — Сталинобод омада, дар идораи рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), «Тоҷикистони сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият») ва маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» (ҳоло «Садои Шарқ») фаъолият мекунад. Солҳои 1934—1937 вазифаи котиби масъули раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Фаъолияти эҷодӣ Сотим Улуғзодаро водор менамуд, ки ба шаҳру ноҳия ва деҳот сафарҳо карда, зиндагии мардумро боз ҳам беҳтар омӯзад, дар айни ҳол дар ниҳоди ӯ шавқу рағбати тадқиқи таърихи адабиёти тоҷик торафт меафзояд. Ин аст, ки соли 1940 ба аспирантураи Институти адабиёти ҷаҳонии Москва дохил гардида, ҷиддан ба фаъолияти илмӣ мепардозад. Соли 1941 баробари оғоз гардидани Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945 Сотим Улуғзода ба саффи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷалб мешавад ва то соли 1944 дар рӯзномае, ки ба фронти ҳарбӣ тааллуқ дошт, фаъолият менамояд. Адиб соли 1944 аз сафи артиш ба ақибгоҳ даъват мешавад ва то соли 1946 вазифаи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда мегирад. Нависанда аз соли 1946 то охири умр танҳо ба корӣ эҷодӣ шуғл меварзад.
Сотим Улуғзода баъди солҳои 50-ум ба душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид. Аз нимаи дуввуми солҳои 80-ум сар карда, вазъи сиёсии мамлакат тағйир ёфт ва Сотим Улуғзода дар ҷодаи адабиёти тоҷик аз нав мавқеи муносиб пайдо намуд. Дар арафаи аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ адиб ба унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон ва Ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакӣ сазовор гардид. Нависанда соли 1992 шаҳри Москваро истиқоматгоҳи поёни умр қарор дод.
Соли 1997 романи «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода ба сифати «Романи сол»-и Ҷумҳурии исломии Эрон пазируфта шуда, нависанда ба баҳои чиҳил сиҳӣ сиккаи тилло (баробари чаҳор ҳазор доллари амрикоӣ) сазовор гардид. Ин охирин мукофоти нависанда буд. Нависандаи халқии Тоҷикистон ва Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон Сотим Улуғзода 25 июни соли 1997 дар шаҳри Москва алоқамандону мухлисонашро абадӣ падруд гуфт. Бо амри Ҳукумати Тоҷикистон ҷасади адиб ба Душанбе оварда шуд ва чанд соат сокинони пойтахт тавонистанд, ки дар толори Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо нависандаи маъруфи Тоҷикистон видоъ намоянд. Манзили ҳамешагии Сотим Улуғзода дар мазори боғи Лучоб қарор гирифт.
Сотим Улуғзода — нависандаи муосири тоҷик, Нависандаи халқии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (1951), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ мебошад. Бо асарҳое, чун «Субҳи ҷавонии мо», «Қисмати шоир», «Фирдавсӣ», «Ривояти суғдӣ», «Марги Ҳофиз» ва «Восеъ» шӯҳрат ёфтааст ва соҳиби чандин мукофоту ҷоизаҳо мебошад.
АКС аз бойгонӣ








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Шоҳи қуллаҳо» — филми мустанад дар мавзуи ҳифзи бабри барфӣ сазовори ҷоиза гардид
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бинои беназир дар минтақа — Театри миллии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад
Дар Тоҷикистон «Маҷмааи бостонии Бибихонум» таъсис дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон ду барномаи нави соҳаи фарҳанг қабул гардид
Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Рӯзи фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ашт баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Восеъ баргузор шуд
Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Вахш дастовардҳои давоми соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардид
Осорхонаи миллӣ дар Тоҷикобод намоиши сайёри осорхонавӣ ташкил намуд
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва ноҳияҳои Вахш, Восеъ ва Ашт доир мегардад






