«БИЁ, МУЛКИ БАДАХШОНРО ТАМОШО КАРДА, ҲАЙРОН ШАВ!». Гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар» аз таассуроти сафараш ба «Боми ҷаҳон»

Сентябрь 27, 2021 09:00

ДУШАНБЕ, 27.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 18 то 21 сентябр дар хатсайри сайёҳии Душанбе-Дарвоз-Хоруғ-Ишкошим-Хоруғ-Рӯшон-Душанбе барои намояндагони ВАО   пресс -тур роҳандозӣ гардида, ҳамагон барои тамошои манзараҳои зебо ва ёдгориҳои таърихӣ  ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуданд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин бора гузориш медиҳад.

-Аз нахустин лаҳзаҳои  сафар ба Бадахшони Тоҷикистон ин минтақаи дурдаст чашму дили ҳамагонро   бо кӯҳҳои сарбаафлоку пурбарф, чашмаҳои шифобахш, табиати биҳиштосо,  манзараҳои дилфиребаш тасхир намуд. Ҳар яке аз ҳамсафарон бар он буданд, ки маҳз ҳамин зебогиҳояш Помир — Боми ҷаҳонро  макони писандидаи ҳазорон сайёҳи дохиливу хориҷӣ  гардонидааст. Бояд гуфт, ки ҳамасола ба ин гӯшаи биҳиштосои Тоҷикистон ҳазорон нафар сайёҳони хориҷӣ, гардишгарону кӯҳнавардон меоянд, то аз табиати дилфиреби ин ҷо дидан намоянд. Хусусан аз “Чорчаман”-и Дарвоз, чашмаҳои шифобахши «Гармчашма», «Авҷ»,  «Бибӣ Фотимаи Заҳро», мавзеъҳои таърихии  қалъаҳои «Ямчун», «Қаҳқаҳа»-и Ишкошим,  чашмаи мусаффо ва табиии  «Ҷелондеҳ»-и ноҳияи Шуғнон, қалъаи «Вамар»-и ноҳияи Рӯшон ва ғайраҳо. Мавзеву мавқеи ин гӯшаи дурдасти мамлакат ҳам барои сайёҳии дохилӣ ва ҳам хориҷӣ мутобиқу мувофиқ аст. Бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ метавон бо дилпурӣ иброз дошт, ки ба масъалаи ободии маҳалҳо, хусусан деҳоти дурдаст диққати зарурӣ дода мешавад ва ин иқдоми Пешвои миллат бар он мусоидат намуд, ки дар зарфи се сол  маҳалу деҳоти кишвар ободу зебо шуда,  дар умум, тамоми Ватани азизамон шукуфон гардидааст.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки онро Помир ё “Боми ҷаҳон” ҳам меноманд, аз ҷиҳати масоҳат вилояти калонтарини мамлакат ба ҳисоб меравад, аммо аксари масоҳаташро кӯҳҳо ташкил медиҳанд.

Чаро  Бадахшонро  «Боми ҷаҳон» меноманд?

Тавре дар боло гуфтем, масоҳати бештари ВМКБ-ро баландкӯҳҳо ташкил мекунанд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муқоиса бо Тибет, Ҳимолой ва ғайра аз маконҳои баландкӯҳи ҷаҳон ба шумор меравад. Аз ҳама қуллаи баландтарини Помир “Қуллаи Комунизм”-  ҳозира Исмоили Сомонӣ  ба шумор рафта, баландии он 7495 метрро ташкил медиҳад. Маҳз ба ҳамин хотир ин маконро «Боми ҷаҳон» ном мебаранд.

Маънои Помир

Помир ва таърихи пайдоиши ин вожа тибқи баъзе сарчашмаҳо, аз калимаи «Меҳр» ё худ «Митро» гирифта шудааст, ки он дар Эрони Қадим маънои «офтоб»-ро дошт. Аз ин рӯ, ин калима  аслан  “пои меҳр” яъне «қадамгоҳи офтоб»-ро мефаҳмонад. Зеро ин як сарзамини баландкӯҳи Шарқ аст, ки офтоб аз ин ҷо тулӯъ мекунад. Помир дар баландии 4000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад.

Диалект: Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷиҳати масоҳат вилояти калонтарини мамлакат бошад ҳам, аммо аҳолиаш нисбат ба дигар вилоятҳои Тоҷикистон кам аст. Ин мардум халқи таҳҷоии тоҷикони бадахшонӣ ҳастанд, ки забони махсуси қадимии худро нигоҳ доштаанд. Шуғнониҳо, рӯшониҳо, язгуломиҳо, ишкошимиҳо, вахониҳо дар байни худ бо забонҳои махсус ва ба маҳалли худ хос гап мезананд, вале дар асл дар ин минтақа забони расмӣ тоҷикӣ аст.

Шуғл: Ба хотири он ки бештари масоҳати ин вилоятро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, аз ин рӯ шуғли мардум асосан дар ин минтақаи кӯҳистон чорводорӣ ва кишту кор, замину заминдорӣ аст. Дар заминҳо картошка, гандуму ҷав ва дигар навъи донагиҳоро корида, гову гӯсфанд ва буз мепарваранд. Ҳамчунин дар ин ҷо ҳунарҳои мардумӣ низ хеле тараққӣ кардаанд. Занон ба бофтани ҷӯробҳо, дӯхтани тоқӣ ва мардон ба кулолгарию бофтани сабадҳо машғул ҳастанд.

Хӯрок: Мардуми  Бадахшон асосан аз нон, шири гӯсфанду гов ва панир хӯрок омода мекунанд. Картошкаву биринҷу донагӣ ва мевагиҳо дар ҷои дуюм меистанд. Аҳолии таҳҷоӣ аз нӯшиданиҳо бештар ширчойро истифода мебаранд, ки он аз об, намак,  чойи хушк  ва ширу равған омода мешавад.

Роҳи заминӣ ва ҳавоӣ

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба дигар мамлакатҳои ҷаҳон ду роҳи асосии мошингард: роҳи Хоруғ-Ӯш ва Хоруғ-Душанбе  мепайванданд. Ҳамзамон дар маркази Хоруғ майдони ҳавоӣ аст, ки аз он ҳам истифода бурдан мумкин мебошад.

Хонаи вахонӣ — «Помере чид»

Дар Бадахшон тамоми расму оинҳо, аз таваллуди кӯдак то ҷаноза дар як хонаи суннатӣ баргузор мешаванд. Хонаҳои истиқоматии сокинони Бадахшони кӯҳӣ биноҳои якошёна буда, сақфи ҳамвор доранд ва дар назари аввал ҳеҷ вижагие ба назар намерасад. Аммо, вақте ки шумо ба чунин хона медароед, он хеле ғайриодӣ аст. Меъмории ороиши дохилии хонаи помирӣ (аҳолии маҳаллӣ онро “чид» меноманд) дорои рамзи худ аст. Ин хона бештар ба маъбад монанд аст, ки дар он чизе тасодуфӣ нест.

Хусусияти хоси хонаи помириро ба мо омӯзгори фанни таърих Ғуломшоҳ Хуросониев чунин нақл кард: “Помере чид” меъмории қадимии худро то ҳол нигоҳ медорад. Аввалин чизе, ки ҳангоми ворид шудан ба хона мушоҳида мешавад, як утоқи васеи барҳавоест, ки дар он панҷ сутун мавҷуд аст ва дутоаш бо чӯби бавуч бо номи бучкагиҷ пайваст карда шудааст. Дар замонҳои қадим дар он гӯсфанд ё бузи кушташударо барои пӯст кардан овезон мекарданд.

Дар замонҳои қадим дар маркази хона сӯрохи обпарто (обхин) ҷойгир буд. Он бо санге пӯшонида шуда буд, ки аз сӯрохиаш ба он оби истифодашуда рехта мешуд. Дар атрофи тамоми периметри хона баландии зинапоя мавҷуд аст, ки онро одатан ба бахшҳо тақсим мекунанд — қисми ошхона, ҷойҳо барои қабули меҳмонон, хӯрокхӯрӣ, истироҳат ва хоб. Дар тарафи рости даромадгоҳ, дар баландӣ, оташдон (китсор) мавҷуд аст”.

Мавсуф гуфт, дар асри гузашта хӯрок дар “Помере чид” дар оташдон пухта мешуд, ҳоло бисёриҳо ба оташдонҳои муосир гузаштаанд. Дар тарафи чапи даромадгоҳ майдони меҳмонон (барнех) ҷойгир аст. Баландӣ байни оташдон ва меҳмонон барои кӯдакон ҷудо карда шудааст»,-иброз кард Ғуломшоҳ Хуросониев.

Шифти хона сазовори таваҷҷуҳи махсус аст — он як ҷузъи беназири санъати меъморӣ мебошад. Ин сохтори чорқабата, ки онро  (чорхона) мегӯянд, дар маркази хона ҷойгир шудааст, ки ҳар қабати он сӯрохи мураббаъ дорад. Дар мобайни чорхона тиреза (рӯдз) барои гузариши рӯшноӣ ва ҳаво ба хона мавҷуд аст.

Зикр шуд, ки бинокорони қадим нуқтаҳои куллиро ба назар гирифта, хонаро тавре сохтаанд, ки одамон вақтро дар назди тирезаи шифт муайян мекарданд, ки тавассути он нури офтоб ба он ворид мешуд.

-Пойгоҳи асосии  хонаи помирӣ дар панҷ сутун аст, ки аз фарш то шифт гузошта шудаанд, -идома дод муаллим.  Ин сутунҳо дар анъанаи қадимаи ориёӣ рамзи чаҳор унсури ибтидоӣ мебошанд — оташ, об, замин, ҳаво ва сутуни подшоҳӣ пайванди осмону замин аст. Аммо фарзияи дигар он аст, ки  ин сутунҳо номи панҷ бузургвори дини исломро гирифтаанд.

Ҳама сохторҳои чӯбии хона — сутунҳо, пояҳо ва ғайра бо кандакорӣ оро дода шудаанд ва ин нақшҳо низ бо маънои муқаддас пур карда шудаанд. Тарҳҳои дақиқи геометрии онҳо дар шакли Офтоб, лола, шох ва унсурҳои аввалин — Замин, об, шамол ва оташ мебошанд. Ҳамин унсурҳо дар ҷӯробҳо, либосҳои миллӣ ва тоқиҳои бадахшонӣ  низ истифода мешаванд.

Хуллас, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иншооти табиию таърихӣ,  ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ имконияти бештари ҷалб намудани  сайёҳони дохиливу хориҷиро дорост.

Бо дидани манзараҳои зебои ин диёри кӯҳистон беихтиёр ин мисраъҳои шоир ба хотир меоянд:

Биё, мулки Бадахшонро тамошо карда, ҳайрон шав,

Чу мурғе бол зан, болотар аз абри баҳорон шав.

Барояд аз дили кӯҳ чашмаи чун шир покиза,

Ба каф обаш бигир, аз таъми он махмуру мастон шав.

София ШОИК,
АМИТ “Ховар”

Душанбе-Хоруғ-Ишкошим-Душанбе

Сентябрь 27, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд