Душанбе ва Берлин ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратиро баррасӣ карданд

Сентябрь 6, 2021 08:17

ДУШАНБЕ, 06.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр дар остонаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон (Ost-Ausschuss der Deutschen Wirtschaft) ҳамоиши фосилавӣ миёни блоки иқтисодии Тоҷикистон ва доираҳои иқтисодӣ-тиҷоратии Олмон баргузор гардид.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Муовини якуми Сарвазари Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид зимни муаррифии зарфияти иқтисодӣ ва фазои мусоиди сармоягузории кишвар бо ишора ба абзорҳои анъанавии мавҷуда аз соҳибкорони олмонӣ даъват намуд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар фаъолона ширкат варзанд.

Ҳамзамон роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти марбута иштирок ва суханронӣ намуданд.

Намояндагони зиёда аз 50 ширкати мухталифи олмонӣ дар ҳамоиш иштирок карда, баъд аз анҷоми қисми расмии он бо ҳамтоёни тоҷикистонӣ мубодилаи афкори судманд анҷом доданд.

Пешниҳод гардид, ки чунин ҳамоишҳо дар оянда миёни бахшҳои алоҳидаи иқтисодӣ баргузор карда шаванд. Доираҳои иқтисодӣ-соҳибкории Олмон ҷиҳати соли оянда дар Тоҷикистон ташкил кардани ҳамоиши иқтисодӣ-тиҷоратӣ миёни ду кишвар изҳори омодагӣ намуданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Сентябрь 6, 2021 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Пешвои миллат нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ дар Ашқобод иштирок намуд
Дар шаҳри Уфа 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод дар САҲА муррафӣ гардид
Дар шаҳри Санкт-Петербург 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҷавонон ва варзиши Миср мулоқот намуд
Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нахустин Сафири Тоҷикистон дар Салтанати Умон ба Султони Умон эътимоднома супорид
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд