Ҳазорон нафар афғонҳо мехоҳанд ба Тоҷикистон гузаранд: изҳороти Ятимов
ДУШАНБЕ, 14.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба гуфтаи Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, ҳамарӯза садҳо нафар афғонҳо талош мекунанд, ки марзи давлатӣ бо Тоҷикистонро убур кунанд. Тавре хабаргузории русии «Sputnik» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дирӯз Раиси КДАМ ҶТ зимни мулоқот бо Президенти Русия Владимир Путин, ки дар доираи нишасти 17-уми роҳбарони хадамоти амниятӣ ва истихборотии кишварҳои узви ИДМ доир шуд, изҳори назар намуд.
«Махсусан давоми ду моҳи охир мо фишори одамонро эҳсос мекунем, ки мехоҳанд аз Афғонистон ба Тоҷикистон гузаранд. Шумораи паноҳандагон аллакай аз 15 ҳазор нафар гузаштааст», — гуфт ӯ.
Ба гуфтаи С. Ятимов, ҳар рӯз аз 500 то 600 нафар аз Афғонистон мехоҳанд марзи давлатӣ бо Тоҷикистонро убур кунанд.
Дар баробари ин, ӯ зикр намуд, ки дар ин муддат қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, муҳимоти ҷангӣ аз давлати ҳамсоя афзоиш ёфтааст.
Раиси КДАМ ҶТ таъкид кард, ҳоло Тоҷикистон дар вазъияте қарор дорад, ки марзбонон ва дигар ниҳодҳои амниятиро зарур аст 24 соат дар ҳолати омодабош қарор гиранд.
АКС: Sputnik








Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд






