Дар Анқара ба муносибати Рӯзи забони тоҷикӣ таҳти унвони «Забон — пайвандгари миллатҳо» ҳамоиш баргузор шуд

Октябрь 8, 2021 12:50

ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ба муносибати Рӯзи забони тоҷикӣ дар Институти афкори стратегии шаҳри Анқара (Stratejik Düşünce Enstitüsü) дар мавзӯи «Забон — пайвандгари миллатҳо» конфронс доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар конфронс коршиносони Институти афкори стратегӣ, профессорон, ходимони илмӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Анқара, Ҳаҷетеппа, Ҳоҷи Байрам Валӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамзамон узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода ва Мирзо Ҳасани Султон дар кори конфронс маҷозӣ сухан гуфтанд.

Конфронси мазкурро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо суханони ифтитоҳӣ оғоз бахшида, дар бораи таърихи забони тоҷикӣ, эҷодиёти оламшумули мутафаккирони барҷастаи тоҷик, мавқеи забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ ва хидматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавқеи расмӣ гирифтан ва инкишофи забони тоҷикӣ ба ҳозирин маълумот дод.

Профессори Донишгоҳи Анқара хонум Ҳуля Касапоғлу роҷеъ ба саҳми мутафаккирони барҷастаи форсу тоҷик, аз қабили Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Мавлоною Ҷомӣ дар тарбияи ахлоқии ҷомеаи ҷаҳонӣ нақл карда, аз эҷодиёти эшон порчаҳои шеърӣ бо забони тоҷикӣ қироат намуд.

Конфронси мазкур бо суханрониҳои доктори Донишгоҳи Анқара Умут Башар, ходимони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода ва Мирзо Ҳасани Султон идома ёфта, донишҷӯён ва ходимони илмии хориҷӣ, ки ба омӯзиши забони форсӣ машғул мебошанд, бо олимони ширкаткунанда оид ба паҳлуҳои мухталифи забони тоҷикӣ суҳбат намуданд.

Дар ҳамоиш китобҳои безаволи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба намоиши ҳозирин гузошта шуданд.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Октябрь 8, 2021 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид