Дар Душанбе дар мавзӯи рушди устувор ва роҳбарии занон дар Осиёи Марказӣ конференсияи минтақавии онлайнӣ доир шуд

Октябрь 29, 2021 14:14

ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар якҷоягӣ бо Барномаи Рушди СММ ва Созмони Милали Муттаҳид — Занон дар доираи Барномаи амали  Муколамаи занони пешвои Осиёи Марказӣ барои соли 2021 дар мавзӯи «Рушди устувор ва роҳбарии занон дар Осиёи Марказӣ» конференсияи минтақавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Конференсия бо иштироки аъзои муколама, роҳбарони вазорату идораҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, вакилони ҷавони Парлумон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва академияҳо баргузор шуд.

Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин конференсияи бонуфуз Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, вакилони ҷавони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходимони ҷавони Академияи миллии илмҳо, намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ  ва коршиносони миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Кори конференсия ба таври маҷозӣ сурат гирифта, дар он дастовардҳо ва мушкилот дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва қабули Нақшаи амалиёти минтақавӣ оид ба Ҳадафҳои рушди устувор, таҳкими ҳамкории занони пешво ва созмонҳои занон дар Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Октябрь 29, 2021 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд
Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд
Дар Тошканд Форуми тиҷоратии фармасевтии Узбекистону Тоҷикистон доир шуд
«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кай ва барои чӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд?
Намояндагони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии AMEE 2026 иштирок доранд
Ҳамкории мақомоти судии Тоҷикистон ва Кувайт густариш меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод санги асоси фурудгоҳи маҳаллӣ гузошта шуд
Дар Тошканд масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар шароити трансформатсияи рақамӣ баррасӣ шуд
Тоҷикони муқими шаҳри Хабаровски Русия 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дорад