Дар Москва дар бораи адиб ва синамогари тоҷик Абдурофеъ Рабизода китоб ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 19.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москва дар бораи адиб ва синамогари тоҷик Абдурофеъ Рабизода, ки бо тахаллуси Шераки Ориён машҳур аст, таҳти унвони «Левчик далёкий» (Шераке аз дурдастҳо) ва «Неожиданности любви и жизни» (Ишқ ва зиндагии ғайриинтизор) китоб нашр гардид, ки муаллифони он шоираи рус Нина Веселова ва адабиётшиносу муҳаққиқи эстонӣ Аво Сузи мебошанд.
«Дар тафриқа аз дигарон Абдурофеъ Рабизода (Шераки Ориён) мушкиле чун пайдо кардани мавқеи хешро дар ин дунёи пурпеч надорад. Ба пиндори банда, ӯ рисолати нависандаро низ хуб дарк кардааст, яъне ҳодӣ (ҳидоятгар) будан, то ки дар пайгирӣ ҳар нафар тавонад меъёрҳои маънавии худро пайдо ва муқаррар бисозад». Чунин навиштааст нависанда ва адабиётшиноси эстонӣ Аво Сузи дар сарсухани китоб.
«Ба матои тасвир унсурҳои асотир, қиссаю андарз афзуда, новелланавис имконоти нави ифодаи фасеҳ кашф мекунад ва дар ин ҷода сабкеро меофарад, ки танҳо хоси ӯ мебошад…»- чунин баҳо додаанд ба эҷодиёти адиби тоҷик Шераки Ориён пажӯҳишгарони хориҷӣ.
Аз миёни мақолаҳои зиёди пажуҳишгарони хориҷӣ доир ба эҷодиёт ва сабку услуби хоссаи адиби тоҷик дар ин китоб, ки дар Москва нашр гардидааст, навиштаҳое бо номи «Левчик далёкий», ки ба қалами кинематографист ва шоираву нависандаи номвар, дорандаи ҷоизаҳои зиёди Русия ва хориҷӣ, шоираи рус Нина Веселова ва «Неожиданности любви и жизни»- навиштаҳои адабиётшинос ва муҳаққиқи эстонӣ Аво Сузи- яъне шахсе, ки бастаю шефтаи фарҳанги тоҷик мебошад ва асарҳои адибони моро дар забони асл мехонад, мутааллиқанд, интихоб шудаанд. Дар ин навиштаҳо, ки дар як китоб ба ҳам омадаанд, таҳлилҳои амиқу мантиқӣ доир ба осор ва рӯзгори нависанда ва синамогари тоҷик Абдурофеъ Рабизода, яъне Шераки Ориён гирд оварда шудаанд.
Навиштаҳои Абдурофеъ Рабизода бо забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ, чинӣ, ҳинду, урду, полякӣ, қазоқӣ, украинӣ, беларусӣ, чехиву олмонӣ, арманиву гурҷӣ, испаниву арабӣ, яъне ҷамъулҷамъ ба чил забони хориҷӣ тарҷума шудаанд. Вай муаллифи зиёда аз сад китоби нашршуда мебошад, яъне 86-то бо забони тоҷикӣ, 11-то бо русӣ, сето бо англисӣ ва сето бо узбекӣ. Ҳамчунин вай муаллифи 43 филми бадеӣ, фалсафӣ ва ҳунарӣ ба шумор меравад.
Эҷодиёти нависандаи тоҷик бо ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ қадрдонӣ гардидааст. Барои шӯҳрат бахшидани адабиёту санъати тоҷик дар арсаҳои байналхалқӣ нависанда ва кинодраматург Шераки Ориён бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






