Сомон Маҳмадбеков Тоҷикистонро дар мусобиқаи Paris Grand Slam 2021 намояндагӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 15.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар шаҳри Парижи Фаронса мусобиқаи Paris Grand Slam 2021 оғоз шуда, то 17 октябр идома меёбад. Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ ширкати 301 варзишгар, аз ҷумла 177 мард, 124 зан аз 48 кишвари 5 қитъаи дунё дар назар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз варзишгари шинохта Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг намояндагӣ мекунад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло зиёд ё кам шудани шумораи варзишгарон дар мусобиқаи Paris Grand Slam 2021 имкон дорад.
Сомон Маҳмадбеков иштирокчии мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аврупоӣ ва осиёӣ буда, нахустин чемпиони дзюдои ҷаҳон миёни ҷавонон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки моҳи октябри соли 2019 дар Марокаш соҳиби медали тилло шуд. Инчунин моҳи августи соли 2019 дар мусобиқаи дзюдои ҷаҳон миёни мардон дар Токио ширкат варзида, барандаи мақоми ифтихории 5-ум ва моҳи ноябри соли 2019 дар шаҳри Осакаи Япония дар мусобиқаи бонуфузи Осака Гранд Слам — 2019 аз намуди гӯштини дзюдо мақоми сеюмро сазовор гардид.
Паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар раддабандии ҷаҳонии дзюдо миёни ҷавонон дар мақоми 1-ум ва миёни бузургсолон (мардон) дар зинаи 16-ум қарор дорад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад
Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
«ФУТБОЛ ВА РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон китоби иттилоотӣ-омӯзишӣ нашр гардид
Мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) 12 медал ба даст овард
«Регар-ТадАЗ» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 роҳ ёфт
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2026. Дастаҳои «Равшан» – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – «Сардор» ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд
ВАРЗИШ — ПАЙКИ СУЛҲ, ДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ ва варзишию солимгардонӣ доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Шаҳритус аз рӯи 13 намуди варзиш машғулият гузаронида мешавад






