Ба собиқадорони шаҳри Душанбе китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров тақдим гардид

Ноябрь 1, 2021 15:16

 ДУШАНБЕ, 1.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар чор ноҳияи пойтахт аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдими китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ҷараён дорад. Туҳфаи арзишманди Пешвои миллатро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ аз номи мақомоти шаҳр ба собиқадорон ва пирони рӯзгордидаи пойтахт тақдим намуд, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Дар маросими тақдими туҳфаҳо Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки  иқдоми наҷибу шоистаи Сарвари давлат барои шинохти тоҷикон нақши хосса мегузорад. Китоби «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров аз соли нашр зуд дар доираҳои бонуфузтарини илми ҷаҳонӣ эътироф гашта, ҳамчун асари барҷаставу бунёдӣ дар илми таърих шинохта шудааст.

Зикр шуд, ки дар пайравӣ ба ин асари бузург донишмандони зиёде кӯшиданд, ки китобе оид ба таърихи халқи худ биофаранд ва дар ин замина асарҳои фаровоне ба нашр расиданд, вале «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ягонаву беназир боқӣ монд.

Бояд тазаккур дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бознашр ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдими ҳар хонадони кишвар гардида истодааст.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки китоби «Тоҷикон»-и мутафаккири барҷаста, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров намунаи бебаҳотарин ва безаволи таърихӣ буда, даҳсолаҳост, ки арзиши худро гум накардааст ва умри он ҷовидонӣ хоҳад буд. Дар он таърихи на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми инсоният дарҷ гардидааст.

Қабули туҳфаи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони пойтахтро рӯҳбаланд намуд ва онҳо  иброз доштанд, ки «мутмаинем, ки он дар роҳи тарбияи фарзандон ҷиҳати омӯзиши таъриху фарҳанги ниёгон мусоидат намуда, дар тарбияи меҳаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва дарки худогоҳиву худшиносии ҳар фарди миллат нақши босазо мегузорад».

АКСҲО аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Ноябрь 1, 2021 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст