Миёни доварони федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 23.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Миёни Раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Раёсати доварони Иттиҳоди футболи Қирғизистон 22 ноябр дар Душанбе Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба ҳуҷҷат сардори раёсати доварон ва нозирони ФФТ Рустам Абдуллоев ва аз ҷониби Иттиҳодияи футболи Қирғизистон — раиси кумитаи доварон Баҳодир Қочқоров имзо карданд.
«Ёддошт ба таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкории зичи доварон миёни федератсияҳои футболи ду кишвар мусоидат мекунад. Созишнома, аз ҷумла, хидматрасонии бозиҳои дӯстона, мусобиқаҳо, мусобиқаҳои расмӣ, баргузории семинарҳои муштарак, ҷамъомадҳои таълимӣ ва дигар ҳамоишҳои таълимӣ, табодули таҷриба оид ба татбиқи технологияҳои муштаракро, ки ба баланд бардоштани сифати доварӣ нигаронида шудаанд, пешбинӣ менамояд»,-зикр намуданд дар Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Қаблан бо даъвати Федератсияи футболи Тоҷикистон доварон аз Қирғизистон бозиҳои силсилаи ниҳоии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои «Сипар»-и Хуҷанд ва «Соро компания»-и Душанберо ҳакамӣ карда буданд.
АКС: ФФТ








ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд






