Парчам — вожаи соф тоҷикист, — бардошт аз конференсияи илмӣ-назариявии КИ ҲХД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 23.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди тарҳ ва намуди Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол дурудароз табодули афкор карда, баъди радду бадали зиёд Низомномаи онро қабул карданд. Ҳамин тавр, 24 ноябри соли 1992 Тоҷикистони тозаистиқлол расман соҳиби Парчами давлатӣ гардид. Вакилони мардумӣ барои ифодаи номи ин рамз аз байни силсилавожаҳои муродифӣ маҳз вожаи қадимию тоҷикии парчамро пазируфтанд. Ин вожа соф тоҷикист ва бо дирафш иртиботи қавӣ дошта, имрӯз, хушбахтона, муродифҳои туркию арабии худро мағлуб намуда, ба пирӯзии комил расидааст. Ин матлаб дар конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлолии кишвар», ки имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар толори БДА “Амонатбонк” баргузор шуд, баён гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории конференсияи мазкур гузориш медиҳад, дар ҳамоиши мазкур муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, Директори муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, собиқадорони меҳнат, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Раҳмонова ва Ғайбулло Афзалов, Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим Пури Ҷаҳонгир, сардори шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирӣ Суҳайлӣ Абдуҳафиззода, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии пойтахт, фаъолони кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.
Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода конференсияро ифтитоҳ намуда, ҳамаи ҳизбиёни пойтахтро ба муносибати Рӯзи Парчам табрик намуда, зикр кард, ки «Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».
Сипас Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода оид ба таърихи Парчами миллӣ ва аҳамияти арҷгузорӣ ба он изҳори назар кард.
Дар идомаи конференсия Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода дар мавзӯи «Парчами давлатӣ — рамзи худшиносии миллӣ ва сиёсӣ», собиқадори меҳнат, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Раҳмонова дар мавзӯи «Нақши таърихии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу ваҳдат», сардори шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд. Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим Пури Ҷаҳонгир дар васфи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шеърҳо қироат намуда, собиқадори меҳнат, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов ёддоштҳои худро аз ҷараёни қабули Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи XVI иброз дошт.
Дар фарҷоми конференсия миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҳамзамон дар доираи чорабинии мазкур аз ҷониби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” аксияи иттилоотӣ ва тақсими шириниҳо баргузор гардид. Дар рафти аксияи варақаҳои иттилоотӣ оид ба таърихи Парчами давлатӣ, шириниҳо парчамҳои сарисинагӣ ва рӯйи мизӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт тақсим карда шуд.
АКСҲО: Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе













Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Истаравшан ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳоди сокинони пойтахт гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Филм дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон намоиш дода мешавад
Таҳти унвони «Аз ёдҳо фарёдҳо» китоби Садриддин Ҳасанзода нашр гардид
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор мешаванд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ шукуҳманд таҷлил карда шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Фархор бо шаҳомати хос баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги шаҳри Нораку ноҳияи Ёвон бо намоиши молу маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ доир шуд
Имрӯз дар Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Норак, ноҳияҳои Фархор, Ёвон ва Мастчоҳ доир мегардад
Пагоҳ Рӯзи фарҳанги шаҳри Норак, ноҳияҳои Фархор, Ёвон ва Мастчоҳ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷикфилм» истеҳсоли се филми пурраметражи ҳунариро ба анҷом расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кумитаи забон ва истилоҳот фаъолияти 75 ташкилотро мавриди санҷиш қарор дод






