Сарвазири Тоҷикистон бо Директори генералии Бонки Осиёии рушд оид ба Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Бонки Осиёии рушд оид ба Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ Евгений Жуков мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар доираи мулоқот муҳимтарин масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, таъкид гардид, ки давоми 23 сол ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии рушд заминаи воқеӣ пайдо намуда, ҳамасола татбиқи муҳимтарин лоиҳаҳо дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт бештар мегардад.
Айни замон дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон 19 лоиҳа татбиқ мешаванд, ки соҳаҳои роҳу нақлиёт, энергетика, илм ва маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳоро дар бар мегиранд.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати дарҳои боз бо ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла бо Бонки Осиёии рушд ҳамкории нек ба роҳ монда, барои вусъати он пайваста тадбир меандешад.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»










Дар Душанбе масъалаи ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони рушд дар соҳаи обрасонӣ ва санитария баррасӣ шуд
Кишоварзони Тоҷикистон дар майдони беш аз 180 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
Дар Тоҷикистон низоми электронии E-PERMIT ба кор дароварда шуд
Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳолиёр Қурбонов»-и Қубодиён дар 11 гектар меваю зироат парвариш мешавад
РУШДИ ПАРАНДАПАРВАРӢ. Дар Зафаробод сохтмони фабрикаи мурғпарварӣ идома дорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зардолу фаъолияти зеҳнӣ ва хотираро беҳтар мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Панҷ дар 2 гектар гармхонаҳои доимӣ бунёд намудааст
Дар Душанбе дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо БАТР баррасӣ гардид
Дар Душанбе оид ба сохтмони корхонаи «энергия аз партовҳо» вохӯрӣ доир шуд
«САФЕДДАРА» — МАКОНЕ, КИ ҲАР САЙЁҲ ОРЗУИ ДУБОРА ДИДАНИ ОНРО ДОРАД! Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе аз тамошои ин гӯшаи нотакрори Тоҷикистон эҳсоси хушҳолӣ намуданд
Дар мулоқоти вазирони энергетика ва оби Тоҷикистон ва Либия натиҷаҳои Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе баррасӣ шуданд
Гурӯҳи кории Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои танзими нархи семент дар бозорҳои ҷумҳурӣ санҷиш гузаронид






