ВАЗЪИЯТ ДАР САРҲАДИ АФҒОНИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН МУРАККАБ БОҚӢ МЕМОНАД. Дар ин бора имрӯз котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон зимни нишаст дар Деҳлии Нав изҳори назар намуд

Ноябрь 10, 2021 13:56

ДУШАНБЕ, 10.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазъият дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон мураккаб боқӣ мемонад. Дар ин бора котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода имрӯз зимни  нишаст дар чаҳорчӯби муколамаи минтақавии Деҳлӣ оид ба масоили амният дар Афғонистон изҳори назар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии Sputnik.

Дар зимн, ба гуфтаи ӯ, таҳдиди террористӣ аз ҷониби Афғонистон афзоиш меёбад.

«Вазъият дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон мураккаб боқӣ монда, хатари террористӣ аз ҷониби Афғонистон афзоиш меёбад», — гуфт ӯ.

Маҳмудзода афзуд, ки ба сари қудрат омадани толибон дар Афғонистон ба вазъи низомиву сиёсӣ ва геополитикии минтақа ва ҷаҳон ислоҳоти ҷиддӣ ворид кард.

Вай ёдовар шуд, ки Тоҷикистон бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад ва ба ин далел ин ҷумҳурӣ «дар сафи пеши мубориза бо таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар намудҳои ҷиноятҳои фаромарзӣ дар минтақа қарор дорад».

Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон ҳамчунин аз пешниҳоди кумакҳои байналмилалӣ ба мардуми Афғонистон ба манзури ҷилавгирӣ аз фалокати башарӣ ёдовар шуд.

Ба гуфтаи котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон, дар шароити феълӣ зарурати сафарбар кардани талошҳои оҷили ҷомеаи ҷаҳонӣ ба миён омадааст. Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон омода аст имконоти логистикии худро барои расонидани ҳар гуна кумак ба кишвари ҳамсоя пешниҳод  ва дар ин замина метавонад ба созмонҳои байналмилалӣ кумак кунад.

«Дар айни замон таҳти таъсири якчанд омили манфии дорои хусусияти ҳарбию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ба Афғонистон фалокати ҷиддии башардӯстона таҳдид мекунад ва хатари буҳрони нави муҳоҷиратӣ низ афзоиш меёбад”,-иброз дошт Маҳмудзода.

Вай афзуд, ки ба далели камбуди маводи ғизоӣ ва наздик омадани зимистон таъмини мардуми Афғонистон бо маводи  мавриди ниёзи аввали муҳим аст.

Ба гуфтаи котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон, дар шароити феълӣ зарурати сафарбар кардани талошҳои фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба миён омадааст.

Ёдовар мешавем, ки дар Деҳлии Нав таҳти раёсати мушовири Сарвазири Ҳиндустон оид ба амнияти миллӣ Аҷит Довал муколамаи минтақавӣ оид ба масоили амниятӣ дар Афғонистон ҷараён дорад. Дар нишаст Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат доранд.

«Мулоқотҳои бисёрҷонибаи котибони шӯроҳои амниятӣ оид ба масъалаҳои Афғонистон сиғаи муҳимест, ки имкон медиҳад дар сатҳи олӣ тамоми маҷмӯи мушкилоти марбут ба рушди вазъ дар Афғонистон баррасӣ ва инчунин барои муқовимат бо хатарҳое, ки аз ҳудуди Афғонистон бармеоянд, тадбирҳои амалӣ  роҳандозӣ карда шаванд. Умедворем, ки таҷрибаи баргузории онҳо дар оянда, аз ҷумла бо ворид кардани дигар масъалаҳои мубрами минтақавӣ ба рӯзнома идома хоҳад ёфт”,- гуфт котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар нишасти Деҳлии Нав.

                                                                            АКС аз бойгонӣ

 

Ноябрь 10, 2021 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд
Дар Суғд нахустин гурӯҳи даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд