Дар Қуния Форуми соҳибкорони Туркия ва Тоҷикистон баргузор шуд

Декабрь 17, 2021 09:42

ДУШАНБЕ, 17.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр дар Маркази Конгресси Селчуқлуи шаҳри Қуния Форуми соҳибкорони Туркия ва Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» дар Туркия Манижа Мақсуд хабар медиҳад.

 Форум бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия бо ибтикори Палатаи савдои Қуния дар ҳамкорӣ  бо Палатаи саноати Қуния, Биржаи молии Қуния ва Шӯрои соҳибкорони Туркия – Тоҷикистон ДЕИК доир шуд, ки дар он Вазири саноат ва технологияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва Вазири саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия Мустафо Варанк иштирок ва суханронӣ намуданд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар Форуми мазкур чунин ибрози назар намуд: «Мо имрӯз дар ин чорабинии бошукӯҳ барои беҳтар намудани сатҳи алоқамандии иқтисодию гардиши савдо байни давлатҳоямон ҳузур дорем. Мулоқот ва суҳбат бо ҷомеаи бизнеси Туркия- ин омилҳои асосии ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пеш аз ҳама, ба фароҳам гардидани фазои сармоягузорӣ, қонунгузории мувофиқ, қувваи кории арзон, захираҳои бойи табиӣ ва бисёр омилҳои дигар дар Тоҷикистон алоқаманд мебошад».

Шералӣ Кабир диққати ҳозирин ва сармоягузорони туркро ба бахшҳои энергетика, нақлиёт ва алоқа, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва маҳсулоти он, коркард, туризм ва фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.

Дар фарҷоми Форум Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия аз ҷониби вазирон Шералӣ Кабир ва Мустафо Варанк ба имзо расонида шуд. Инчунин байни Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов-роҳбари кулли Палатаи савдо ва саноат дар вилояти Суғд ва Селчук Озтурк- раиси Палатаи савдои шаҳри Қуния Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Қобили зикр аст, ки дар қисми дуюми ҳамоиш пас аз гуфтушунидҳо дар формати B2B муассисаи давлатии «Маркази лоиҳакашӣ ва рушди технологияҳои нави саноатӣ»-и назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 тафоҳумномаи сармоягузорӣ ба арзиши умумии $52 миллион имзо расид.

Ҳамчунин, дар формати B2B миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия беш аз 10 ёддошт ва созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид, ки ҳаҷми умумии сармоягузории онҳо беш аз 200 миллион долларро ташкил медиҳад.

Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истанбул Мурод Саидзода, намояндагон аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (World Bank Group), соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳаҳои саноати маъдан ва металлҳои қиматбаҳо, саноати химия ва мудофиа, пилла, саноати бофандагй ва сабук, саноати масолеҳи бинокорӣ, саноати хӯрокворӣ ва ғайра иштирок намуданд.

Дар форуми мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Туркия, Раиси шаҳри Қуния  Угур  Ибраҳим Алтай, волии шаҳри Қуния Ваҳдеттин Озкан, Президенти Шӯрои робитаҳои иқтисоди хориҷии Туркия (DEIK) Наил Олпак, раиси Шӯрои соҳибкорони Туркия — Тоҷикистон Ҷиҳангир Фикри Саатчиоглу, намояндагон аз Вазорати саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия, раисон ва намояндагон аз палатаҳои  савдо,  Палатаи саноат, Биржаи молӣ, шаҳрдорӣ, роҳбарони партияҳо, намояндагон аз фирмаю ширкатҳои соҳаҳои гуногунҷанба, соҳибкорони турк, устодони донишгоҳҳои Қуния ва намояндагон аз матбуоти Туркия ширкат  варзиданд.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар»/ Сафорати Тоҷикистон дар Туркия

Декабрь 17, 2021 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд
Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд
Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор 103 фоиз иҷро гардид
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Абебе Адугна ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир намуданд