«КУМАК КАРДА НАМЕТАВОНЕД, ЛОАҚАЛ ХАЛАЛ НАРАСОНЕД…». Шоираи маъруф Адибаи Хуҷандӣ гуфт, ба чӣ ҳадаф гурӯҳи фейсбукии «Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон»-ро таъсис додааст

Декабрь 14, 2021 16:50

ДУШАНБЕ, 14.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Се сол пеш аз тавонотарин шоираҳои имрӯзи мо Адибаи Хуҷандӣ дар шабакаи ҷаҳонии Facebook гурӯҳеро бо номи «Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» таъсис дод, ки ҳоло он 60 ҳазор нафар муштарии доимӣ дорад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо шоира дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуривии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки феълан дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома дорад, вохӯрд ва гуфтугӯ анҷом дод.

Шоираи ғазалсаро ҳикоят кард, ки ду сол боз дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат меварзад. «Соли гузашта ҳам иштирок карда будам, шояд хандаовар ҳам буд. Аммо ман орзуи ҷавонии худро хостам амалӣ кунам. Дар ҷавонии мо ин имкониятҳо набуд», — изҳор дошт ӯ ва инро чунин шарҳ дод: «Аз ман то орзуи ман шояд ҳамагӣ чанд қадам буд, аммо дар ин масофаи кӯтоҳ садҳо  садди мусаддад пеши роҳро мегирифт. Яъне ман ҳунар доштам, шояд яке аз  беҳтаринҳо байни ҳамсолонам будам, дар китобхониву истеъдод.  Аммо имкони дар амал татбиқ кардани орзуҳоям душвор уфтод. «Устодон» ин имконро аз ман рабуда буданд. Имкони ибтикор надоштам…Шеърҳоям дар фаромӯшии дафтар мемонданд. То хонанда намерасиданд. Имрӯз ба шарофати Истиқлолияти Тоҷикистон ман ҳам ба орзуҳои худ расидам…».

— Нахустин китобатон кай чоп шудааст? 

— Соли 1994.  Яъне эҷодиёти ман дар замони Истиқлолияти Тоҷикистон арзи ҳастӣ кардааст… Медонед, ин ҳамаро ман барои чӣ мегӯям?

— Не. Барои чӣ? 

Адибаи Хуҷандӣ

— Дар Паёми порсолаи худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як сухани пурҳикмат гуфтанд: «Агар ба ҳамдигар кӯмак намекунед, лоақал халал нарасонед». Сарвари давлат бо чунин суханон ба мансабдорон ишора карданд, вале ин ба дигарон низ дахл дорад: ба устодон, адибон, олимон, ба ҳама. Атрофи ин гуфта ман хеле андеша кардам. Ростӣ, агар ғамхориҳои Пешвои миллат дар ҳаққи ҷавонон намебуд, гумон аст ки солҳои охир ин қадар соҳибистеъдодҳои ҷавон аз гӯшаву канори гуногуни кишварамон  ба майдон меомаданд.

— Чуноне гуфтаанд: «Ту некӣ куну андар Даҷла* андоз, Ки Эзид дар биёбонат диҳад боз…».

 — Даҷла номи дарёи бузургест дар сарзамини Ироқ…Бале, дуруст гуфтаанд. Некӣ кардан аз дасти ҳама меояд, аммо барои аксарият дастгириву кӯмаку  ғамхорӣ  дар ҳаққи ҳамдигар гӯё душвортарин амали инсонӣ аст. Чунин фикр кардану худро канор гирифтан ва беэътиноӣ ва бемасъулиятӣ зоҳир намудан як навъ худбинӣ аст. Пешвои арҷманди мо ҳамеша хайрхоҳӣ мекунанд — яке аз хислатҳои наҷибтарин ва зеботаринашон ҳамин аст.

ДАР АКС: Бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 150-солагии Туғрали Аҳрорӣ дар деҳаи Зосун, ноҳияи Айнӣ

— Дар омади гап, андешаи таъсиси гурӯҳи «Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» кай ва чӣ гуна ба саратон омад?

 5 октябри соли 2010 буд, дар рӯзи мавлуди Сарвари муаззами кишварамон тасмим гирифтам як чунин гурӯҳ ташкил кунам ва  ҳамоно  аз пайи ин кор шудам. Ва ин гурӯҳ 31 октябри ҳамон сол арзи вуҷуд кард. Баъди ду рӯз ин гурӯҳ аллакай 2000 нафар аъзо дошт. Аҷибаш ин ки дар гурӯҳу саҳифаҳои адабиям ман худам дӯстону шиносҳоямро даъват мекунам, ки аъзо шаванд, вале ба гурӯҳи «Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» одамон худашон ихтиёран мепайвастанд. Ман танҳо ба онҳо иҷозаи узвият медодам. Вале қабл аз он ки иҷоза бидиҳам, ба саҳифаи инфиродии ҳар кадоми онҳо даромада медидам, ки кӣ ҳастанд.

 — Ҳоло теъдоди муштариёни гурӯҳ ба чанд нафар расидааст?

Адибаи Хуҷандӣ

 — 60 ҳазор нафар. Як нафар бароям гуфт, ки агар аъзои гуруҳ аз 200 ҳазор нафар гузаранд, шабакаи иҷтимоӣ гурӯҳро мебандад. Ба ҳамин хотир кам нафаронро иҷозаи узвият медиҳам. Тавре мегӯяд: кам бошаду хуб бошад. Агар ҳамаи касонеро, ки ҳар рӯз ба ман дархост мефиристанд, ба гурӯҳ шомил намоям, шумори аъзо аз миллион нафар зиёд мешавад. Ин аст нишонаи муҳаббати халқ ба Президент, ба Пешвои муаззами миллат.

— Аъзои гурӯҳатон ба ҷуз Тоҷикистон аз кадом давлатҳоянд? 

— Аз бисёр давлатҳо – аз Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Беларус ва дигар мамолики ИДМ, аз Аврупо, Амрико, Эрон, Афғонистон, Амороти Муттаҳидаи Араб ва ғайра.

Такрор мекунам, ҳар як аъзоро аввал ман аз санҷиш мегузаронам, сипас имкони аъзо шуданро медиҳам. Буданд ҳолатҳое, ки хоинони миллат, ки аз берун сӯи Ватан санг меандохтанд,  иҷозаи аъзо шуданро карданд ва ҳатто ҳар як видеову акси гурӯҳро тамошо мекарданд, аммо  ман дархосташонро рад сохтам ва ононро ба руйхати сиёҳ ворид намудам.


— Ба ҳар ҳол, аслан  чӣ Шуморо водошт, ки ба ташкили гурӯҳ даст занед?

— Медонед, ман инро як навъ илҳом аз фаъолиятҳои ҳамарӯзаи созанда ва ибтикороти наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушду пешрафти Тоҷикистони азизамон медонам, ки ҳар рӯз дар бораи онҳо аз барномаҳои телевизиону радио ё хабару гузоришҳои агентии «Ховар» огоҳ мешавем. Давлати мо тӯли сӣ соли Истиқлолият таҳти роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат дар тамоми соҳаҳо ба пешрафтҳои наззаррас шарафёб гардид, ки дар ин бора расонаҳо ва мутахассисону коршиносони  хориҷӣ низ  менависанду ҳарф мезананд  ва ҳатто роҳбарони давлатҳои абарқудрати олам зимни мулоқоту ҳамоишҳо зикр мекунанд. Аммо, маатаассуф, як зумра касоне ҳастанд, ки ё дар ин ҷо, дар Ватан ва ё дар хориҷа  зиста, ин ҳама дигаргуниҳои куллиро дар ҳаёти кишварамон намебинанд, ҳамаро яксон, бо ранги сиёҳ мебинанд, ҳатто дар муваффақиятҳои кишварамон ҳатман камбудӣ меҷӯянд. Хушбахтона, теъдоди ин қабил одамони ношукр, бефаросат ва ноогоҳ хеле ночиз аст. Вале аз навиштаву гуфтаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайхас кардан душвор нест, ки санг дар бағал доранд ва ҳамеша мунтазири  як нооромӣ, бесуботӣ, як хабари нохуш аз ягон гӯшаи диёри худ ҳастанд. Хабари нохуш табъи онҳоро  хуш мегардонад. Ин, албатта, боиси таассуф аст.  Агар онҳо аҷнабӣ мебуданд, он қадар кирои гап набуд, вале онҳо ҳаммеҳанони моянд ва худро тоҷик меноманд…

Ана ҳамин чизҳо маро маҷбур сохтанд, ки муваффақияту дастовардҳои Ватани азизамонро, ки бо талошу ҷонбозиҳои ин Марди Худо, Пешвои миллат ба даст омадаанд, ба оламиёни фейсбук муаррифӣ намоям.

 — Дар саҳифаи гурӯҳ кушиш мекунед бештар чиҳоро ҷой бидиҳед, чӣ маводҳо ва чӣ аксҳоро?

— Ин ҷо ман аз усули «гала куну сара кун» кор мегирам. Маводҳоро аз ҳар куҷо, аз манобеи гуногун, аз китобу рисолаҳо, рӯзномаву маҷаллаҳо, сомонаҳои интернетӣ, хабару гузоришҳо ҷамъоварӣ мекунам ва сипас аз байнашон беҳтарини беҳтаринҳоро дар саҳифа ҷой медиҳам. Тавре пештар гуфтам, шумори онҳое, ки вориди саҳифаи мо мешаванд, шояд аз марзи миллион нафар убур карда бошад. Ин масъулияти ҷиддӣ аст. Ман кӯшиш мекунам дар бораи Тоҷикистони азизи мо, ки бо номаш ифтихор мекунем, дар бораи фаъолиятҳои неку созанда ва сифатҳои наҷибу барозандаи Сарвари давлатамон, ки дар қатори сиёсатмадорони маъруфтарини олам ном бурда мешаванд, навиштаву гуфтаҳои аз ҷиҳати сатҳу сифат болотаринро дар  саҳифаамон ҷой диҳам. Зеро ба акси ин ҳуқуқи маънавӣ надорем.  Сатҳу сифати дониш, ҷаҳонбинӣ, маҳорат,  корбарӣ ва одамгарии Пешвои миллатамон  сатҳу сифати ҷаҳонӣ аст. Аз ин лиҳоз ҳар коре, ки мо мекунем, ҳар асаре, ки меофарем, бояд дар сатҳи ҷаҳонӣ бошад.


Ман, аз ҷумла, гуфтаҳои сарварони кишварҳои гуногун, сиёсатмадорон ва донишмандону адибони машҳури оламро дар бораи сифатҳои шоистаи Пешвои миллатамон аз сомонаи  «Ховар» бо иҷозаи роҳбарияти агентӣ  кӯчондаам. Хато накунам, қариб 100 ҳазор акси Президенти кишварамон аз сафарҳо, мулоқоту ҳамоишҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар саҳифаи гурӯҳи мо ҷой дода шудаанд. Инчунин аксҳои рӯзмара аз ҷараёни бунёдкориҳо ва дар ин радиф гузоришҳо, роликҳо, мақолаҳои таҳлилии илмиву  публисистӣ, шеъру ҳикояҳо…

—  Дар саҳифаи гурӯҳ ду аксе ҳастанд, ки дар онҳо Шумо дар ҷамъе бо Пешвои миллат сӯҳбат доред…   

— Яке аз он аксҳо дар деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ, дар ҷашни 150-солагии Туғрали Аҳрорӣ аккосӣ шудааст. Ёдам ҳаст, ҳаво гирифта ва боронӣ буд, аммо чеҳраи одамон шоду нурафшон буд…Акси дуввумро дар ноҳияи Деваштич  дар ҷашни Наврӯз гирифтаем.

— Бо Сарвари давлат дар кадом мавзӯе гарм суҳбат доред…

—  Он рӯзҳо як рӯзҳои фаромӯшнашаванда бароям буданд. Ман миннатдории хешро баён намудам барои  пуштибонӣ ва қадршиносии Президенти мамлакат аз аҳли илму адаб. Аз ҷумла, устоди ман Абдуманнони Насриддин, ки беш аз чиҳил номзаду докторони илм  ба камол расондаанд ва бо маҳзарашон ҳаёти адабии  маркази вилояти Суғд дар ҷӯшу хурӯш буд, соли 2010 сазовори Ҷоизаи олии Президентӣ гардиданд. Пешвои миллати мо гавҳаршиносанд, маърифатпарваранд. Ва яке аз нишонаҳои гӯёи ин Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маҳсуб меёбад, ки бо ибтикори бевосита ва таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст.

— Барои Шумо дар ин озмуни барҷаста муваффақият мехоҳем ва фарорасии Соли нави мелодиро бароятон табрику таҳният мегӯем! Ва бо иҷозаатон чанд ғазали дилнишинатонро аз саҳифаи Гурӯҳи «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» чун барги сабз ба хонандагонамон ҳадя месозем.

— Ташаккур. Бисёр хуб! Соли нави Шумо ва ҳамкорону азизонатон низ муборак бошад!

Зебои ЮСУФ,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз бойгонии шахсии Адибаи Хуҷандӣ

 

ЧАНД ҒАЗАЛ

Бар ман вафо накардӣ! Вафо ҳам талаб макун!
Баргаштани маро зи Худо ҳам талаб макун.

Он гиряҳо, ки баҳри ту кардам, надидаӣ,
Аз қалби ноумед наво ҳам талаб макун.

Не иффату на покии ман буд мақсадат,
Номат зи ёд рафт, садо ҳам талаб макун.

Кобус буд зиндагиям дар канори ту,
Ман меравам, дубора маро ҳам талаб макун.

Аз он сувар, ки дар дили оинаҳо шикаст,
Дигар ту ишқу нозу адо ҳам талаб макун.

Чашмони интизор хазон шуд ба роҳи ту,
Аз ман баҳори барги дуо ҳам талаб макун.

Парвоз кард ишқи ту аз лонаи дилам,
Анқо зи дом раст, сало ҳам талаб макун.

Дастони меҳрубони ману хайрбоди ту,
Некам, зи ман ҷафою ҷазо ҳам талаб макун.

Ман офтоби отифа будам ба хонаат,
Дигар шаб аст, нуру зиё ҳам талаб макун.

***

Бомдоди беғурубу бехазони ман,
Меҳрубони ман, азизи ман, азони ман.

Мерасад мактуб дар сад саҳфаи садбарг,
Боз бо номи хушат аз осмони ман.

Шаҳри ҳиҷрон бе сабоҳу офтоб, эй дӯст,
Ду чароғи интизори дидагони ман.

Ишқ бо номи ту омад,дар дилам ҳак шуд,
Хат ба хат ҷорист ёдат дар равони ман.

Орзуманди туям оре, бале, ҳақ аст,
Ибтидову интиҳову имтиҳони ман.

Осмони завқ дорам, интихобам ту,
Шаҳриёри ишку қалбу чашму ҷони ман.

Шукр дорам аз баҳори сабзи чашмонат,
Шукр дорам аз ту, эй мазмуни ҷони ман.

Шарқро бо Ғарб пайвандад хаёли ту,
Осмонро бо замин, бо остони ман

Меравам рузе ба гулзори бақо, падруд,
Бар ту мемонад гули сурхе нишони ман.

 ***

Имшаб барои диданат аз дур омадам,
Аз даштҳои отифаи нур омадам.

Як боғ себ баҳри ту ширинӣ доштам,
Садбаргзору накҳати махмур омадам.

Оҳанг омадам, ки бирезам ба ҷони ту,
Тасвир омадам, ки на манзур омадам.

Бо арзи гулситону баҳору тулӯъи ишқ,
Ҳамчун тамуз хоҳиши пуршур омадам.

Аз ҷангали гелос расидӣ чу иқтибос,
Бо орзую хоҳиши мастур омадам.

Бо парниёни парпари испеди пираҳан,
Ман аз фариштазори басо дур омадам.

Декабрь 14, 2021 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид