«РАССОМИ НАВРАС». Дар Душанбе озмуни соҳибистеъдодҳо доир мегардад

Декабрь 4, 2021 09:04

ДУШАНБЕ, 04.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 25 декабр дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Рассоми наврас» озмуни соҳибистеъдодҳо доир мегардад, ки дар он наврасони аз 7 то 18-сола метавонанд иштирок намоянд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матуботи Вазорати фарҳанги мамлакат.

Озмуни соҳибистеъдодҳои «Рассоми наврас» бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба соҳаи санъати тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ, санъати ороишӣ-амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ), рассомӣ, таблиғу ташвиқ ва дастгирии истеъдодҳои наврас, баланд бардоштани сатҳи зебоишиносии ҷавонон, омода намудани истеъдодҳои ҷавон ба озмуну фестивалҳои байналмилалӣ, ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва наврасону ҷавонон, дарёфт ва тарғиби асарҳои рассомони ҷавон, интихоби ҷавонони боистеъдод барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии миёна ва миёнаи касбии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Озмун мусобиқаи эҷодӣ буда, дар ду давр аз рӯи равияҳои санъати тасвирӣ ва ороишӣ-амалӣ дар мавзӯъҳои Тоҷикистон, истиқлол, рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва вобаста ба синн дар се гурӯҳ доир мегардад.

а) гурӯҳи хурдсол (аз 7 то 10-сола);

б) гурӯҳи наврасон (аз 11 то 14-сола);

в) гурӯҳи наврасон (аз 15 то 18-сола).

Хоҳишмандон ҳуҷҷатҳои зерини худро то 15 декабр метавонанд ба кумитаи тадорукот супоранд: нусхаи шаҳодатномаи таваллуд ё шиноснома; расми асарҳои иҷрогардида дар андозаи 30х40 см.(формати А3);  тавсияномаи эҷодии роҳбари муассисаи таълимӣ; ду дона расми 3х4 см.

Иштирокчиёни озмун имкон доранд, ки аз рӯи намудҳои зерин асарҳои ҳунарии хешро пешниҳод менамоянд: санъати тасвирӣ (мусаввирӣ, графика, ҳайкалтарошӣ), санъати ороишӣ-амалӣ (кандакорӣ, наққошӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, батик-нақш дар матоъ, гобелен-қолинбофии бадеӣ) ва дизайн (графикаи компютерӣ, санъати мӯд).

Ба ҳайати кумитаи тадорукот кормандони масъули вазорат дохил шуда, ба ҳайати доварон мутахассисони варзидаи мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ шомил мешаванд.

Ғолибони ҷой аввал (гурӯҳи хурдсолон ва ду гурӯҳи наврасон) 3 нафар дар ҳаҷми 1000 сомонӣ, ҷои дуюм (гурӯҳи хурдсолон ва ду гурӯҳи наврасон) 3 нафар дар ҳаҷми 800 сомонӣ ва ҷои сеюм (гурӯҳи хурдсолон ва ду гурӯҳи наврасон) 3 нафар дар ҳаҷми 700 сомонӣ, инчунин бо ифтихорномаҳо, мукофотпулӣ ва туҳфаҳо сарфароз гардонида мешаванд. Ҳамчунин ба 31 нафар Дипломи озмун, мукофотпулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ низ тақдим мегардад.

Вазорати фарҳанг, кумитаи тадорукоти озмун устодонеро, ки шогирдонашон маҳорати хуб нишон додаанд, аъзои кумитаи тадорукот, ҳайати доваронеро, ки дар ташкилу гузаронидани озмун саҳми арзанда гузоштаанд, бо мукофотҳо сарфароз мегардонад.

Хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 31, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва ба кумитаи тадорукот бо рақамҳои 904-44-31-80, 93-153-70-40, 93-555-61-74 муроҷиат намоянд.

АКС аз Вазорати фарҳанги ҶТ

Декабрь 4, 2021 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад