Раёсати «Роҳҳои оҳани Русия» тахфифҳои интиқоли меваю сабзавот аз Тоҷикистонро то соли 2022 тамдид кард
ДУШАНБЕ, 17.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати «Роҳҳои оҳани Русия» тахфифҳои қаблан ҷоришуда барои ҳамлу нақли як қатор молҳоро то соли 2022 тамдид кард. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар шабакаи расмии Telegram-и ин холдинг иттилоъ дода шудааст.
Сухан дар бораи тахфифҳои 50% дар самти интиқоли меваю сабзавот аз Тоҷикистон меравад.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Роҳҳои оҳани Русия (РОР) соли 2021 тарифҳоро барои ҳамлу нақли металлҳои сиёҳ, контейнерҳо, контрейлерҳо ва маҳсулоти меваю сабзавот дар як қатор самтҳо поин бурд. Аз ҷумла, барои воридоти меваю сабзавот аз Тоҷикистон ва Узбекистон ба Русия 50% тахфиф ҷорӣ шуд.
«Аз 1 январи соли 2021 то 31 декабри соли 2021 дар интиқоли меваю сабзавот аз Тоҷикистон ва Узбекистон ба Русия дар яхдонҳои махсусгардонидашуда, ки ба Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» ва ҶСК «Узбекистон» тааллуқ доранд, 50% тахфиф ҷорӣ карда мешавад»,-гуфта мешавад дар хабари РОР.
Қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, ки моҳи ноябри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ зимни сафар ба Москва дар мулоқот бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиненко ин масъаларо баррасӣ намуданд. Рустами Эмомалӣ иброз доштанд, ки зарфияти сармоягузорони рус дар Тоҷикистон ҳанӯз пурра амалӣ нашудааст ва бояд аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои афзоиши нишондиҳандаҳо дар ин самт истифода карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, истеҳсолкунандагони хоҷагиҳои кишоварзии Тоҷикистон манфиатдоранд, ки навъҳои меваю сабзавоти хушсифати ба бозори Русия воридшаванда зиёд карда шавад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Korea Eximbank густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт баррасӣ шуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо MCDF баррасӣ шуд
Вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Корея тақвияти ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт ва роҳи оҳан баррасӣ намуданд
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Агентии рушди тиҷорат ва сармоягузории Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расонида шуд
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва ширкати «Oppenheimer & Co. Inc.» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкории гумрукиро густариш медиҳанд
Робитаҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Корея тақвият меёбанд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди устувори иқтисодӣ дар шаҳри Лондон муаррифӣ гардиданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати SK Specialty-и Корея оид ба коркард ва истеҳсоли волфрам тақвият медиҳад
Самтҳои стратегии Маркази ҳамкории бисёрҷониба оид ба маблағгузории рушд барои солҳои 2027-2031 муаррифӣ гардид
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон






