Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон – 2021» оғоз ёфт

Январь 11, 2022 10:38

ДУШАНБЕ, 11.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон – 2021» оғоз гардида, дар он аз 11 то 13 январ  5 довталаб аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ширкат варзида, маҳорату малакаи корбарӣ ва дониши педагогии худро нишон медиҳанд, иттилоъ доданд дар  маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Дар маросими ифтитоҳи озмуни мазкур Вазири маориф ва илми мамлакат Муҳаммадюсуф Имомзода, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони раёсат, шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва довталабони озмун иштирок намуданд.

Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммадюсуф Имомзода зикр кард, ки мақсади асосии озмун, пеш аз ҳама, баланд бардоштани мақоми таҳсили томактабӣ дар шароити имрӯза ва нишон додани афзалияти таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, таъмин ва такмили мазмуни тахсилоти томактабӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», ҳамзамон дарёфт ва ошкор сохтани мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, ташаккули қобилияти мураббиён ва фаъолияти эҷодӣ дар шароити муосир, такмили донишу маҳорати касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, қадрдонии меҳнати пурсамари мураббӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа мебошад.

Зикр шуд, ки озмуни имсола дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо ҷамъбаст гардида, беҳтарин довталабон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар даври ниҳоӣ мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони шаҳри Хоруғ Гулру Гулбекова, мураббияи муассисаи томактабии №24-и шаҳри Бохтар Тахмина Абдуалиева, мураббияи муассисаи томактабии №23-и шаҳри Хуҷанд Мунира Ризоева, мураббияи муассисаи томактабии №64-и шаҳри Душанбе Фирӯза Ғаниева,  мураббияи муассисаи томактабии №1-и шаҳри Турсунзода Маҳбуба Пулодова иштирок намуда, тибқи шартҳои пешбининамудаи низомномаи озмун ҳунару маҳорат нишон медиҳанд.

АКСҲО аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ

Январь 11, 2022 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сирк доир мегардад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Душанбе конфренсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китобхон» доир мегардад
Имрӯз дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷалолиддини Балхӣ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор мешаванд
Рӯзи фарҳанги шаҳри Исфара дар Душанбе доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Панҷакент баргузор шуд
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо кард
Имрӯз дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Панҷакент, Исфара ва ноҳияи Кӯшониён доир мегардад