ҶОМИ КФО-2022. Ҳарифони дастаҳои «Хуҷанд» ва КМВА муайян гардиданд

Январь 18, 2022 08:59

ДУШАНБЕ, 18.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар Куала Лумпур имрӯз маросими қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 доир гашт, ки ҳарифони клубҳои Тоҷикистон – “Хуҷанд” ва КМВА муайян шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мисли мавсими гузашта имсол низ дар минтақаи Марказӣ ду гурӯҳ таъсис дода шуд – якеаш иборат аз 4 даста, дигараш- аз 3 даста.

Барандаи медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон – дастаи “Хуҷанд” дар гурӯҳи “F” баромад мекунад. Ҳарифонаш клубҳои “Дордой” (Қирғизистон) ва “Копетдаг” (Туркманистон) ҳастанд.

Дастаи нави Ҷоми КФО – КМВА-и Душанбе дар гурӯҳи “Е” бозӣ мекунад. Барандаи медалҳои биринҷии чемпионати мамлакатро бозиҳо муқобили клубҳои “Насаф” ё “Согдиана” (Узбекистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Нефтчӣ” (Қирғизистон) интизор аст.

Дастаҳои беҳтарини гурӯҳҳо дар финали минтақавии Ҷоми КФО-2022 вомехӯранд. Ғолиби ин дидор ба даври дигар роҳхат гирифта, 100 000 доллари ИМА ҷоизапулӣ дарёфт мекунад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар сурати ба Лигаи чемпионҳои КФО роҳхат гирифтани дастаи “Насаф”-и Қаршӣ, дар Ҷоми КФО-2022 барандаи медалҳои нуқраи чемпионати Узбекистон- “Согдиана”-и Ҷиззах ширкат мекунад. Агар “Насаф” натавонад ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО роҳ ёбад, пас иштирокшаро дар Ҷоми КФО идома медиҳад.

Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2022

Минтақаи Марказӣ

Гурӯҳи «Е»: «Насаф» ё «Согдиана» (Узбекистон), «Олтин Асир» (Туркманистон), КМВА (ТОҶИКИСТОН), «Нефтчӣ» (Қирғизистон).

Гурӯҳи «F»: «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН), «Дордой» (Қирғизистон), «Копетдаг» (Туркманистон).

АКСҲО: ФФТ

Январь 18, 2022 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд