Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 15.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Барои ташаккули рақобатпазирӣ дар бозори сайёҳӣ рушди инфрасохтор, стратегияи таъсирнок барои пешрафти маҳсулоти сайёҳии ватанӣ, диққат ба самтҳои калидии бозори сайёҳӣ, ки метавонанд сайёҳии воридотӣ ва дохилиро ба иқтисоди даромадноки Тоҷикистон табдил диҳанд, хеле муҳим мебошад.
Дар робита ба Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 андешаҳои мудири бахши котиботи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Қурбонзодро доир ба рушди саноати сайёҳӣ пешкаши хонандагон мегардонем.
-Мақсади асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин таъмини шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои ташкили фаъолияти самарабахши субъектҳои сайёҳӣ ва дар ин замина таъсиси бозори самаранок ва рақобатпазири сайёҳӣ мебошад, ки имкониятро барои қонеъгардонии талаботи шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ ба хизматрасониҳои гуногуни сифатноки соҳа таъмин менамояд.
Бартарияти рақобатнокии саноати сайёҳии Тоҷикистон дар фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимӣ барои рушди сайёҳии фарҳангию таърихӣ, иқтидори бойи табиӣ ҷиҳати пешрафти сайёҳии экологӣ, имконияти машғулият бо намудҳои фаъоли истироҳат дар самти рушди сайёҳии варзишию кӯҳнавардӣ ва муносибати некхоҳонаи аҳолӣ ифода меёбад.
Дар Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳои ҷаҳон ба рушди сайёҳии байналмилалӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Ҳоло дар иқтисоди давлатҳо сайёҳии байналмилалӣ вазифаҳои муҳимро иҷро мекунад, аз ҷумла:
— сайёҳии байналмилалӣ сарчашмаи даромади асъорӣ барои мамлакатҳо ва воситаи таъмини ҷои кор аст;
— сайёҳии байналмилалӣ маблағгузориҳои хориҷӣ ва маҷмўи даромадҳои миллии мамлакатҳоро васеъ менамояд;
— сайёҳии байналмилалӣ ба диверсификатсияи (гуногуншаклии) иқтисодиёт, ташкили соҳаҳои нав ва хизматрасониҳои соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамояд;
— бо афзоиши ҷои корӣ дар соҳаи сайёҳӣ даромади аҳолӣ ва сатҳи некуаҳволии мардум баланд бардошта мешавад.
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) соли 2019 то замони паҳншавии пандемияи COVID-19 дар саросари ҷаҳон 1,5 миллиард сафари байналмилалии сайёҳӣ ба қайд гирифтааст.
Тибқи гузориши Шӯрои ҷаҳонии саёҳат ва сафар (WTTC), ки дар якҷогӣ бо “Oxford Economics” таҳия шудааст, саҳми соҳаи сайёҳӣ дар ММД дар ҷаҳон дар соли 2019 10,4 фоиз (ё 9,2 триллион доллари ИМА) — ро ташкил дода, соли 2020 бар асари пандемияи коронавирус то 5,5 фоиз коҳиш ёфтааст.
Соли 2019 сайёҳон барои саёҳат 1,7 триллион доллар сарф кардаанд, ки тақрибан 7% содироти байналмилалӣ ва 27,4% содироти хизматрасониро ташкил медиҳад. Соли 2020, тибқи маълумоти WTTC, хароҷоти сайёҳон барои сафар ба кишварҳои худ 45% ва хароҷот барои сафарҳои хориҷӣ тақрибан 70% коҳиш ёфтааст.
Новобаста ба пандемия соли 2020 беш аз 350 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намуданд.
Бар асари бемории сироятии ҳамагир шурӯъ аз моҳи марти соли 2020 сарҳадҳои давлатӣ ва роҳҳои байналмилалии аксар кишварҳои ҷаҳон баста шуда, ҳамлу нақли ҳавоӣ ва заминии мусофирон муввақатан қатъ гардид.
Гарчанд ду соли охир сайёҳии байналмилалӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон рў ба таназзул ниҳод, дар пасманзари вазъи ба амаломада сайёҳии дохилӣ соҳаро то андозае наҷот дод. Ин омил имкон дод, ки саноати сайёҳӣ минбаъд низ дар хизматрасониҳои байналмилалии савдо яке аз шаклҳои ба таври динамикӣ рушдёфта боқӣ монад. Саноати сайёҳӣ дар ҷаҳон доимо дар ҳоли рушд буда, ба таъсири сайёҳӣ дар иқтисоди ҳар кишвари алоҳида алоқаманд аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола саноати сайёҳӣ рушд ёфта, бо бунёди роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, нақбҳо, инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси кемпингҳо ва осоишгоҳҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар боз ҳам такмил меёбад.
Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд, ки “бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд”.
Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад.
Ҳамчунин Сарвари давлат таъкид доштанд, ки танҳо аз ҳисоби рушди соҳаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, молияву бонкдорӣ, нақлиёту коммуникатсия ва дигар бахшҳо бояд то 200 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини ҷолибияти соҳа барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар намуда, дар марҳилаи аввал барои обод намудани мавзеъҳои сайёҳӣ ва таъсиси инфрасохтори зарурӣ заминаҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Тибқи санадҳои қабулгардида, ширкатҳои сайёҳӣ дар тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андоз аз фоида, воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, андозаи боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нав бо мақсади сайёҳӣ 50 фоиз коҳиш дода шуд.
Фароҳам овардани имтиёзи андозию гумрукӣ ҳавасмандии соҳибкоронро боз ҳам зиёд намуда, танҳо дар заминаи ин имтиёзҳо имрӯзҳо зиёда аз 20 лоиҳаи инфрасохтории сайёҳӣ дар самтҳои бунёди маҷмааҳои сайёҳӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, роҳи танобӣ, меҳмонхонаву осоишгоҳ ва дигар иншооти сайёҳӣ бомаром идома доранд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамоянд, раводиди бисёркаратаи панҷсола ва барои содагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, раводиди бисёркаратаи сесола дода мешавад.
Барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ раводиди навъи сайёҳии бисёркаратаи то 60 — рӯза фароҳам оварда шуд.
Реҷаи бераводид бо 12 кишвари ҷаҳон, амалӣ гаштани низоми содакардашудаи раводид бо 126 давлат, аз 1 январи соли 2022 ҷорӣ гардидани низоми раводиди яктарафа барои 52 давлати дунё барои ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Дар доираи ин чорабиниҳо бренди сайёҳии Тоҷикистон васеъ тарғибу ташвиқ гардида, бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқгардонии маҳсулоти сайёҳии мамлакат ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ боз ҳам ҷоннок карда мешавад.
Ҳоло дар бозори хизматрасонии сайёҳӣ 237 ширкати сайёҳӣ, 188 меҳмонхона, 28 ҳостел ва мотел, 47 адад осоишгоҳ, 8 адад маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 1 пансионат, 2 кемпинг ва 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ фаъолият менамоянд.
Дар заминаи татбиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ давоми се соли охир зиёда аз 25 ҳазор иншооти мухталиф сохта шудаанд, ки 7 ҳазори он ба соҳаи хизматрасонӣ ва сайёҳӣ рост меояд ва дар рушди саноати сайёҳӣ таъсири мусбат расонд.
Масалан, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани меҳмонхонаҳои “Чорчаман Хилс” дар ноҳияи Дарвоз, “Саразм плаза” дар шаҳри Панҷакент, “Манзара” дар ноҳияи Ховалинг, “Чилдухтарон” дар ноҳияи Муъминобод ва “Таҳмина” дар ноҳияи Сангвор имкон медиҳад, ки мо дар дурдасттарин минтақаи ҷумҳурӣ ба сайёҳон дар шароити хубу мусоид хизмат расонем.
Бо мақсади пиёда намудани тарҳи рушди деҳот, бозсозии роҳҳои назди ёдгориҳои таърихӣ, бунёди хонаҳои қабули сайёҳон, меҳмонхонаҳои хурд ва дигар хизматрасониҳои муосир дар заминаи ҳамкории мутақобилан судманд чор мавзеи таърихию сайёҳии ҷумҳурӣ — “Чилучорчашма”, “Хоҷа Машҳад”, “Ҳулбук” ва “Ямчун” дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ бозсозӣ ва ба сатҳи байналмилалӣ расонда мешаванд.
Давоми солҳои охир дар натиҷаи пешрафти соҳаи сайёҳӣ Тоҷикистон аз кишвари саёҳати саргузаштиву экологӣ ва пиёдагардӣ ба кишвари саёҳати таърихӣ, фарҳангӣ, табобатӣ — фароғатӣ, саноатӣ, тиҷоратӣ ва корӣ мубаддал гаштааст.
Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъкид шудааст, ки бояд рушди соҳаҳои истихроҷи маъдан, энергетика, нақлиёт, телекоммуникатсия, саноати сабук ва хўрокворӣ, саноати масолеҳи сохтмонӣ, сайёҳӣ ва инчунин молия ба роҳ монда шавад. Дар барномаҳои рушди соҳавӣ ва минтақавӣ ба маҳсулоте, ки аллакай дорои бартарияти қиёсии рақобатӣ мебошад, бояд диққати махсус дода шавад.
Дар ин марҳилаи гузариш диверсификатсияи рушди иқтисодӣ аз ҳисоби интенсификатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ, болоравӣ аз рўи занҷири арзиши иловашуда дар саноат, навкунии соҳаи иҷтимоӣ, рушди босуръати бахши молиявӣ, сайёҳӣ ва соҳаҳои хизматрасониҳои соҳибкорӣ дар мадди аввал меистанд.
Тибқи ҳадафҳои Стратегияи мазкур таъмини шуғли пурмаҳсул дар соҳаҳои ба содирот нигаронидашуда, ки метавонанд ба дигар соҳаҳо ва умуман ба иқтисодиёт, масалан, дар саноати бофандагӣ ва озуқаворӣ, кимиёвӣ ва мошинсозӣ, хизматрасонии нақлиёт ва алоқа, сайёҳӣ, маориф ва тандурустӣ таъсири назарраси афзоишёбанда расонанд, муҳим мебошад.
Тоҷикистон дорои манзараҳои кўҳистониест, ки дар он ҷо чаҳор фасли солро мушоҳида кардан мумкин аст, обҳои шифобахшу шаффоф, иншооти санаторию курортӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ қалби садҳо ҳазор сайёҳони хориҷиро тасхир намудаанд. Маҳз ҳамин омил боиси сол то сол афзоиш ёфтани шумораи ҷаҳонгардони хориҷӣ ва васеъ шудани ҷуғрофияи ташрифот ба ҷумҳурӣ гардидааст.
Боварии комил дорем, ки марҳила ба марҳила зиёд гаштани ташрифи сайёҳон ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва дар маҷмӯъ ба рушди устувори иқтисодиёти миллӣ таъсири бузург мерасонад.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»