Тоқаев изҳор дошт, ки хуруҷи неруҳои СААД аз Қазоқистон пас аз ду рӯз оғоз мешавад

Январь 12, 2022 11:20

ДУШАНБЕ, 12.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Хуруҷи неруҳои посдори сулҳи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) аз Қазоқистон пас аз ду рӯз оғоз мешавад. Дар ин бора дирӯз, 11 январ, президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев зимни суханронӣ дар Маҷлис (палатаи поёнии парлумон) изҳори назар намуд, хабар медиҳад мухбири махсуси АМИТ «Ховар».

«Дар маҷмӯъ, марҳилаи шадиди амалиёти зиддитеррористӣ гузашт. Вазъият дар ҳамаи минтақаҳо муътадил аст. Дар робита ба ин изҳор медорам, ки рисолати асосии неруҳои посдори сулҳи СААД бомуваффақият анҷом ёфт. Пас аз ду рӯз (аз 13 январ. – Тавзеҳи АМИТ «Ховар») хуруҷи марҳила ба марҳилаи неруҳои муттаҳидаи посдори сулҳи СААД оғоз мешавад. Раванди хуруҷи неруҳо на бештар аз 10 рӯзро дар бар мегирад”, — гуфт Тоқаев.

Вай зикр намуд, ки кӯшишҳои табаддулоти давлатӣ дар Қазоқистон барбод рафтанд. «Кӯшишҳои табаддулоти давлатӣ, суиқасд ба ягонагии кишвар барбод рафтанд. Мо якҷоя чун як миллат Алмаато ва дигар марказҳои вилоятҳоро муҳофизат кардем. Онҳо дар муддати кӯтоҳтарин барқарор карда мешаванд”, — гуфт сарвари давлат.

Тоқаев иброз дошт, ки на ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба вазифаи худ содиқ монданд. «Дар якчанд шаҳрҳо роҳбарони шуъбаҳои Кумитаи амнияти миллӣ бо вуҷуди мавҷуд будани аслиҳаи кофии ҳарбӣ дар ҷанг иштирок накарда, аз бинои маъмурӣ берун шудаанд ва силоҳу асноди махфиро он ҷо гузоштаанд», — гуфт президент.

Ба гуфтаи Тоқаев, иттиҳоди ҷомеаи кишвар ба таври усулӣ халалдор гардид ва Кумитаи амнияти миллӣ хатарро пай набурд.

«Ягонагии ҷомеаи моро ба таври усулӣ, аз ҷумла тавассути иқдомҳои эътирозӣ ва тибқи барномаҳои аз ҷиҳати касбӣ таҳияшуда вайрон карданд. Омодасозии иҷрокунандагони мушаххаси тадбирҳои қатъӣ  ба таври пинҳонӣ ба роҳ монда шуд. Кумитаи амнияти миллӣ ҳамчун мақоми салоҳиятдор ба ин кори тахрибкорона натавонист ва нахост баҳои дақиқ диҳад ва таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллиро низ пай набурд”,-гуфт вай.

Тоқаев зикр намуд, ки нақшаи ҳамла ба Қазоқистон маҷмӯӣ буда, болои он мутахассисони кордон кор кардаанд. «Нақшаи ҳамла ба Қазоқистон якчанд ҷанбаҳои гуногунро дар бар мегирифт- ҳарбӣ, сиёсӣ, идеологӣ, маълумоти бардурӯғ ва ғайра. Дар омодагӣ барои ғасби ҳокимият мутахассисони корозмуда кор кардаанд”, шарҳ дод президенти Қазоқистон. Ба гуфтаи ӯ, ҷангҷӯён қасд доштанд дар кишвар қудратро ба даст оранд.

 

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 12, 2022 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад
Дар Душанбе мулоқоти роҳбарони вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Беларус баргузор гардид
4364 САДАМАҲОИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР 4 СОЛ. Чӣ тавр пеши роҳи ин ҳодисаҳои нохушро бигирем?
Тоҷикистон дар муборизаи муштарак ба муқобили ҷиноятҳои фаромиллӣ фаъолона иштирок мекунад
Дар Душанбе ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Дар Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони вилояти Суғд вохӯрӣ намуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар масъалаи буҳрони Афғонистон шарики муҳими Созмони Милали Муттаҳид мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Дар фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай масъалаҳои амнияти минтақавӣ аввалиндараҷа боқӣ мемонанд»
ЭҲТИЁТ — НИМИ ҲАЁТ. Дар фасли тобистон зарфҳои нигаҳдории гази моеъро дар ҷойи соя ва дур аз гармӣ гузоред
Дар Петербург масъалаи истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд