ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов беш аз 200 бех ниҳолҳои санавбар шинонида шуданд
ДУШАНБЕ, 17.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ беш аз 200 бех ниҳолҳои санавбар шинонида шуданд.
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин амал бо мақсади сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф гузаронида шуд.
«Дар маъракаи кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ кормандони бахши муҳити зист ва аҳолии ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов фаъолона иштирок намуданд. Корҳои ободониву созандагӣ, шинонидани ниҳолу дарахтони ҳамешасабз, сояафкан ва ороишӣ дар дигар ҷамоатҳои ноҳия низ бо маром идома доранд», — афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли равон низ дар ҷамоати шаҳраки Меҳробод ва кӯчаи Абӯалӣ ибни Синои ноҳия бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист бо мақсади обод ва сабзазоркунӣ қад-қади роҳи нақлиётгард 150 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз, аз ҷумла санавбар шинонида шуданд.
АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд






