Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот ҷараён доранд

Апрель 26, 2022 15:09

ДУШАНБЕ, 26.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар  чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ҷараён доранд. Ин ярмаркаҳо  дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин  пешгирии болоравии нархи маводи озуқа  дар  моҳи  шарифи  Рамазон  ташкил карда шудаанд.

Тавре  сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдусалом Нозимов  ба АМИТ «Ховар»  хабар дод, ярмаркаҳои мазкур  дар  ҶСП Истиқлол «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ,   кӯчаи Ҳусейнзода, буриши кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон),   собиқ бинои «Қарияи боло»- айни замон назди таваққуфгоҳи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино,  майдончаи назди таваққуфгоҳи КВД «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ ташкил гардида, дар онҳо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба сокинону меҳмонони шаҳр бо нархҳои дастрас пешниҳод мешаванд.

«Ҳамзамон тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, дар даромадгоҳҳои бозорҳои хусусии коммуналӣ ярмаркаи доимоамалкунанда ҳамарӯза ҷараён дошта, дар 14 нуқтаи сераҳолии шаҳри Душанбе низ чунин ярмаркаҳо ҳамарӯза баргузор мегарданд, ки дар онҳо маҳсулоти зарурии мавриди ниёзи аввал манзур карда мешаванд.

Дар ярмаркаҳо аз ҷониби  Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе»,  Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва  Агентии захираҳои моддии давлатӣ маҳсулоти босифат бо нархи дастрас пешниҳоди сокинони пойтахт гардонида мешаванд.

Ба зикри мавсуф, дар ярмаркаи мазкур нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал назар ба бозор нисбатан арзонтар буда, нархи орд 290 сомонӣ, шакар 9,5 сомонӣ, картошка 2,5 сомонӣ мебошад. Меваҷот ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ низ бо нархи арзонтар пешкаши харидорони шаҳр гардонида мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  ба раисони ноҳияҳои пойтахт супориш додааст, ки   дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бобати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани  ин ярмаркаҳо, ҷойгир кардани ғуфра ва растаҳои  савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд,  тадбирҳои зарурӣ андешанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 26, 2022 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон
Дар Душанбе хатсайри нави автобуси барқӣ ба фаъолият оғоз намуд
Масоили рушди низоми нақлиёти шаҳри Душанбе бо БАТР баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд
Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид