Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо WT ба мусобиқаҳои байналмилалӣ омодагӣ мебинад

Апрель 26, 2022 10:19

ДУШАНБЕ, 26.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо аъзои дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таэквондо WT вохӯрӣ намуд, хабар доданд дар бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар вохурӣ масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, роҳбарияти Федератсия, сармураббӣ ва варзишгарони умедбахши таэквондо WT иштирок намуда, пешниҳод карданд, ки ҷиҳати омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ, ҳамзамон Бозиҳои Осиёӣ, Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 баргузории машқҳои таълимии варзишии дохилӣ ва берун аз кишвар зарур буда, таъминот бо маводи фармакологӣ, либосҳои махсуси варзишӣ ва либосҳои ягонаи варзишӣ мушкилии асосии дастаи мунтахаби кишвар мебошад.

Раиси Кумита ба масъулин ҷиҳати дастгирии дастаи мунтахаби кишвар дастурҳои мушаххас дода, онҳоро вазифадор намуд, ки барои фароҳам овардани шароити зарурӣ чораҳои дахлдор роҳандозӣ намоянд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Апрель 26, 2022 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд