МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои рӯёнидани ҳосили хуби пахта интихоби дурусти навъи чигит аз шартҳои асосӣ мебошад

Апрель 25, 2022 13:15

ДУШАНБЕ, 25.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. То 21 апрел дар Тоҷикистон дар майдони 167 ҳазору 867 гектар чигит кишт шудааст, ки 90 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Имсол тибқи дурнамо, дар майдони 186 ҳазор гектар чигит кишт карда мешавад. Соли 2021 дар майдони 191 ҳазор гектар чигит кишт гардида буд.

Тавре аз Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд, тибқи дурнамои муайянгардида, 59000 гектари майдони кишти чигит ба вилояти Суғд, 123 ҳазор гектар ба вилояти Хатлон ва 4000 гектар ба навоҳии тобеи ҷумҳурӣ рост меояд.

Пахта яке аз маҳсулоти асосии содиротии давлат ба шумор рафта, сол то сол арзиши аслии маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ тамоюли болоравӣ дорад. Аз ин рӯ кишоварзон талош мекунанд, ки дар баланд шудани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши даромади иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир гузоранд.

Аммо пахтапарварони мамлакатро тағйирёбии ҳавои фасли баҳор нигарон намудааст. Зеро фасли баҳори имсола нисбат ба солҳои қаблӣ камбориш омада, намии замин ба қадри кофӣ таъмин нагардид. Ин аст, ки бештари кишоварзон ба чигити киштнамудаашон об монда истодаанд. Ба андешаи онҳо, ин ҳолат имкон намедиҳад, ки ҳосили дилхоҳ ба даст ояд.

Дотсенти кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров вобаста ба кишти чигит дар соли равон ба кишоварзон чунин тавсия медиҳад.

«Баҳори имсола нисбат ба соли гузашта гармтар омада бошад ҳам, аммо то имрӯз ҳарорати ҳавои шабонгоҳ паст мебошад. Барои рӯёнидани ҳосили хуби пахта интихоби дурусти навъи чигит аз шартҳои асосӣ мебошад. Барои кишт бояд ҳамон навъҳое интихоб шаванд, ки минтақабоб бошанд, нисбатан тезтар пухта расанд, ҳосили баланд ва сифати хуби нах низ дошта бошанд. Инчунин шарти дигаре, ки марди деҳқон ба он таваҷҷуҳи бештар равона менамояд, ин риояи муҳлати кишти чигит мебошад. Солҳои охир кишоварзони мамлакат кӯшиш менамоянд, ки муҳлати кишти чигитро барвақттар оғоз намоянд. Агар муҳлати кишти пунбадона барвақт оғоз шавад, ин сабаби кишти такрорӣ мегардад. Чигит бояд дар муддати 8 ё 10 рӯз аз замин неш зада барояд. Агар муҳлати барориш тӯл кашад, масалан то 15-20 рӯз, дар ин ҳолат чигит пӯсида, ба касалиҳои гуногун гирифтор мешавад. Бояд ба муҳлати кишт вобаста ба ҳар минтақаи агроиқлимӣ диққати махсус дода шавад, то ҳарорати зарурӣ таъмин бошад ва тухмӣ дар рӯзҳои таъйиншуда неш зада барояд», — гуфт мавсуф.

Мутахассиси соҳа зикр намуд, ки «соли равон нархи сӯзишворӣ ва нуриҳои маъданӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ хеле баланд аст. Вале новобаста ба ин кишоварзон бояд заминҳоро бо миқдори муаяйнгардидаи нуриҳо таъмин намоянд. Ғизодиҳии растании солим бояд сари вақт ва бо меъёрҳои муайянгардида иҷро карда шавад. Дар бештари ҳолатҳо кишоварзон инкишофи сусти чигитро дида, якбора ба обмонӣ шурӯъ мекунанд, ки ин хато мебошад. Агар мо оби аввалро ба замин дертар диҳем, чигит дар замин бештар реша давонда, аз қисмати поёни замин об ва ғизоро ҷаббида мегирад».

Масъалаи дигаре, ки кишоварзон бояд онро ба назар гиранд, чуқурии афтиши тухмӣ ба шумор меравад.

Ба гуфти Зикриёхон Ҳайдаров, бидуни обмонии иловагӣ аз замин сабзонидани чигит яке аз шартҳои асосии пахтапарварӣ мебошад. Чигите, ки бе обмонӣ аз ҳисоби намнокии замин неш зада мебарояд, решаи мустаҳкам дошта, решааш ба қабати поёнии хок меравад. Вақте растанӣ дар зери хок бештар реша медавонад, метавонад аз намнокии қабатҳои поёнии хок мукаммал истифода намояд ва дар даври тобистон ба гармӣ тобовар гардад. Агар чигати киштшуда неш назанад, дар ин сурат марди деҳқон бояд ба он рӯз дар миён об монад, то чигит дар давраи муайяншуда неш зада барояд.

Мутахассисон бар ин назаранд, ки солҳои охир ҳолати тағйирёбии иқлим ба назар мерасад. Аммо мо набояд аз ин тағйирёбӣ ҳаросем, балки баръакс бояд ба он мутобиқ гардем.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 25, 2022 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

РОҲ БА УҚЁНУСИ ҲИНД. Дар Теҳрон ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон оид ба истифодаи бандари «Чобаҳор» гуфтушунид анҷом доданд
Кишоварзони шаҳри Турсунзода зиёда аз 370 тонна маҳсулоти барвақтии гармхонаҳоро ба аҳолӣ пешниҳод намуданд
Пиетро Салини: «Дар Италия бисёр ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд»
Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкории саноатиро тақвият медиҳанд
Соҳибкорони Тоҷикистон ва Италия ба маблағи зиёда аз 160 миллион доллари амрикоӣ санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе аз 3 то 5 май Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Италия дар соҳаҳои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва саноату технологияҳои нав созишномаҳо ба имзо расиданд
БАТР барои намояндагони бахши молиявии Тоҷикистон даври нахустини дарсҳои маҳорат ташкил намуд
Дар 173 ҳазору 835 гектар майдони корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии Суғд кишти баҳорӣ гузаронида мешавад
Соли 2024 дар Тоҷикистон 5 лоиҳа дар соҳаи роҳу нақлиёт татбиқ карда мешавад
Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд