Профессор Ҷаҳон Азонов: «Тарзи нодурусти истеъмоли ғизо дар моҳи Рамазон метавонад оқибати вазнин дошта бошад»
ДУШАНБЕ, 06.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои аввали моҳи шарифи Рамазон, ки давомнокии худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан тақрибан 14-15 соатро ташкил медиҳад, одамон бояд хӯрокҳои дорои нахи ғизоӣ истеъмол намоянд. Дар ин бора имрӯз доктори илмҳои тиб, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷаҳон Азонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи Ҷаҳон Азонов, хӯрок дар моҳи Рамазон бояд серғизо ва дорои нахи ғизоӣ бошад. Ба маҳсулоти дорои чунин нахҳо гандум, лӯбиё, нахӯд, шалғам, карам, турб, олу, гелос ва ғайра дохил мешаванд. Шахси рӯзадор ҳангоми хӯрокхӯрӣ бояд ба қадри кофӣ карбогидратҳо, равғанҳо, сафедаҳо ва макроэлементҳо истеъмол кунад.
«Ман ба рӯзадорон тавсия медиҳам, ки дар ин рӯзҳо бештар хӯроки моеъ (обдор, суюқ) истеъмол карда, оби зиёд нӯшанд. Об ва хӯрокҳои моеъ барои ба эътидол овардани ҳарорати бадан мусоидат мекунанд. Дар вақти гармӣ мо бисёр арақ мекунем ва оби баданамон кам мешавад, ки ин барои саломатии инсон хеле хатарнок аст», — гуфт Ҷаҳон Азонов.
Тавре мавсуф зикр намуд, нафароне, ки дар дохили биноҳо фаъолият менамоянд, яъне кормандони идораҳо дар як шабонарӯз тақрибан 1700 килокалория сарф мекунанд ва мувофиқ ба он бояд дар як шабонарӯз 2,5 литр об ва хӯроки моеъ истеъмол намоянд. Онҳое, ки дар ҷойҳои кушод кор мекунанд, яъне ба меҳнати ҷисмонӣ машғуланд, бояд на камтар аз 3-4 литр моеъ дар як шабонарӯз истеъмол кунанд.
Тарзи нодурусти истеъмоли хӯрок дар моҳи Рамазон метавонад ба оқибатҳои вазнин бурда расонад. Хӯрок бояд эҳтиёткорона омода шавад. Зимни суҳбат профессор хотиррасон намуд, ки бисёр одамон обро нодуруст истифода мебаранд ва бегоҳӣ, ҳангомиифтор пеш аз хӯрок якбора 2-3 литр об менӯшанд.
«Бояд ба таври мӯътадил об нӯшид: дар ҳар ним соат шумо метавонед 300 грамм об ва хӯроки обдор истеъмол намоед. Нӯшидани афшура, чойи сабз ва шарбати тару тоза хеле фоиданок аст. Истифодаи нӯшокиҳои газдор тавсия дода намешавад. Нӯшокии муфидтарин чойи сабз ба ҳисоб меравад. Истифодаи равғанҳои растанӣ ва маҳсулоти ширӣ низ зарур аст»,-тавсия дод духтур.
Ба гуфтаи доктори илмҳои тиб, бегоҳӣ зимни хӯрдани хӯрок саросема шудан лозим нест, бояд ҳатман кам-кам хӯрок хӯрд ва ҳар луқмаро бодиққат хоидан зарур аст. Истеъмоли зуд ва аз ҳад зиёди хӯрок ба бадани мо, махсусан ба меъда таъсири манфӣ мерасонад.
АКС: манбаъҳои боз








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






