ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС МИЁНИ ЗАНОН ДАР ИСТАНБУЛ. Варзишгари тоҷик Сумая Қосимова имрӯз ба сабқат мебарояд

Май 10, 2022 12:07

ДУШАНБЕ, 10.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Маросими ифтитоҳи Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон 8 май дар Истанбул баргузор шуд. Дар чемпионати ҷаҳон шумораи рекордии варзишгарон — 310 нафар иштирок намуда73 Федератсияи миллиро дар 12 категорияи вазнӣ намояндагӣ мекунанд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, дар Чемпионати ҷаҳон чаҳор варзишгарбону – Сумая Қосимова (48 кг), Рӯҳафзо Ҳақназарова (50 кг), Миҷгона Самадова (57 кг) ва Шоира Зулқайнарова (63 кг) кишвари моро намояндагӣ мекунанд.

Сумая Қосимова, ки моҳи январи имсол дар Чемпионати Осиё миёни наврасони то 22-сола дар Тошканд медали нуқра ба даст оварда буд, имрӯз, 10 май бо Севда Асенова аз Булғористон вомехӯрад. Дар вазни 48 килограмм 32 нафар барои гирифтани унвони чемпионӣ мубориза мебаранд.

Рақиби Рӯҳафзо Ҳақназарова Аида Санталла аз Боливия хоҳад буд. Муборизаи онҳо 12 май баргузор мешавад. Дар вазни 50 кг Руҳафзо ва 29 нафари дигар талош доранд чемпиони ҷаҳон шаванд.

Миҷгона Самадова дар даври дуввум 11 май бо ғолиби ҷуфти Ю Тинг-Линг (Тайбэй)/Сселин Гроссӣ (Фаронса) вомехӯрад. Дар вазни 57 кг 36 нафар барои ҷоизаҳо мубориза мебаранд.

 

Шоира Зулқйнарова низ 11 май ба ринг мебарояд. Рақиби ӯ Ҷ.Нура аз Кувайт мебошад. Дар вазни 63 кг 26 нафар ба қайд гирифта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки маблағи умумии ҷоизаҳои Чемпионати ҷаҳон- 2022 дар Истанбул 2,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн ба ҷуз медали тилло 100 000 доллар мукофот мегиранд. Барандагони медалҳои нуқра 50 000 доллар ва барандагони медалҳои биринҷӣ 25 000 доллар мегиранд.

Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон соли 2001 дар Скрэнтон (ИМА) баргузор шуда буд. Сипас дар солҳои гуногун мизбонии чемпионатро Анталия (Туркия), Подолск (Русия), Деҳлӣ (Ҳиндустон, ду маротиба), Нинбо (Чин), Бридҷтаун (Барбадос), Тсинхуандао (Чин), Чежу (Кореяи Ҷанубӣ), Остона ( Қазоқистон) ва Улан-Удэ (Русия) бар уҳда доштанд. Мавзуна Чориева дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар соли 2012 дар шаҳри Тсинхуандаои Чин медали ягонаи Тоҷикистонро ба даст оварда буд.

Дар доираи чемпионат конгресси ғайринавбатии Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (AIBA) баргузор мешавад, ки дар он президент ва аъзои шӯрои директорони ин иттиҳодия интихоб мешаванд.

Ба вазифаи раиси AIBA ду номзад пешбарӣ шудаанд: Умар Кремлев (Русия) ва Борис ван дер Вурст (Ҳолланд).

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 10, 2022 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид