Дар Бухоро ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва коршиносони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ доир гардид

Май 21, 2022 09:56

ДУШАНБЕ, 21.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи чорабиниҳои муштараки бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) оид ба дастгирӣ ва рушд додани ҳамкории дохилиминтақавии иқтисодии кишварҳои аъзои СҲШ дар давраи пас аз пандемия дар ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва коршиносони бонкҳои аъзои ИББ СҲШ, ки дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид, баррасӣ шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки ҷаласа таҳти раисии Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Узбекистон доир гардид. Дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Фирдавс Ризвонзода иштирок намуд.

Дар ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва коршиносони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкӣ беш аз шаш масъалаҳои муҳим дар самти бонкдорӣ ва сармоягузорӣ байни бонкҳои аъзои Иттиҳод баррасӣ гардиданд.

Инчунин роҳбарону намояндагони бонкҳои аъзои ИББ СҲШ принсипҳои нави чаҳорчӯбаи ҳамкории молиявӣ ва ҳамкорӣ тавассути пешниҳоди хатҳои қарзӣ аз ҷониби бонкҳои аъзои Иттиҳод ба дигар бонкҳо, муассисаҳои молиявии кишварҳои нозир ва бонкҳои шарики Иттиҳодро баррасӣ намуданд, ки ин санадҳо дар ҷараёни баргузории ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай ба имзо хоҳанд расид.

АКС: Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонтабонк»

Май 21, 2022 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Корея робитаҳои тиҷоратию иқтисодиро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати SK Specialty-и Корея оид ба коркард ва истеҳсоли волфрам тақвият медиҳад
Самтҳои стратегии Маркази ҳамкории бисёрҷониба оид ба маблағгузории рушд барои солҳои 2027-2031 муаррифӣ гардид
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Кишоварзони Тоҷикистон имсол кишти такрориро аз нақша барзиёд иҷро намуданд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пахта бо маром идома дорад
Дар Корея рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Дар Сеул байни КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Корпоратсияи роҳи оҳани Корея Шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор гектар замин ба аҳолии мамлакат тақсим карда шуд
Дар Сеул байни вазоратҳои саноати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд