Дар Душанбе Созишнома оид ба маблағгузории Лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи «Норак», марҳилаи II ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 19.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе маросими имзои Созишнома оид ба маблағгузории Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак», марҳилаи II миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, инчунин Созишномаи лоиҳавӣ (Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак», марҳилаи II) миёни Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва ШСХК «Барқи Тоҷик» баргузор гардид, иттилоъ доданд дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар».
Созишнома оид ба маблағгузориро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Созишномаи лоиҳавиро Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» – Маҳмадумар Асозода ва аз тарафи Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд Озан Севимлӣ – Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба имзо расониданд, ки маблағи он 65,0 миллион доллари амрикоӣ (маблағи грантӣ)-ро ташкил медиҳад.
Муҳлати умумии татбиқи лоиҳа 10 солро ташкил дода, бо дарназардошти дастрасии маблағҳо лоиҳа дар ду марҳила амалӣ мешавад.
Марҳилаи якуми лоиҳа аз 3 қисм — иваз намудани 3 адад агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо, иваз намудани автотрансформаторҳо (6 адад автотрансформатори якфазаи 220/500кВ) ва таъмини бехатарии садд иборат буда, муҳлати татбиқи он давоми 5 сол (солҳои 2019-2023) пешбинӣ гардидааст. Дар маҷмӯъ, то имрӯз барои маблағгузории марҳилаи якуми лоиҳа 326,9 миллион доллари амрикоӣ ҷалб гардидааст, ки аз он 169,1 млн доллар – қарз ва 57,8 млн доллар гранти Бонки ҷаҳонӣ, 60 миллион доллар қарзи Бонки Осиёии Сармоягзориҳои Инфрасохторӣ ва 40 миллион доллар қарзи Бонки Авруосиёии Рушд мебошад.
Марҳилаи дуюми лоиҳа таҷдиди 6 агрегати боқимонда ва таъмири асосии қисмҳои обгузари гидротурбинаҳо, иваз намудани трансформаторҳои баландкунандаи шиддат, иваз намудани дастгоҳи тақсимкунандаи 6 кВ дар толори мошинҳо ва механизмҳои борбардор бо тавоноии 360 тонна ва дигар таҷҳизоти зарурии ёрирасонро дар бар гирифта, давоми 5 сол (то соли 2028) татбиқ мешавад.
То имрӯз барои марҳилаи мазкур 50,0 млн доллари амрикоӣ грант пешниҳод гардида, созишномаи молиявӣ ба имзо расидааст.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








ДЕҲОТИ РАҚАМӢ. Лоиҳа бо мақсади беҳтар намудани дастрасии интернет ва алоқаи мобилӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон амалӣ мешавад
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» расман оғоз гардид
Дар комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт ба масофаи зиёда аз 5 километр таноброҳ сохта мешавад
Соли равон фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ба зиёда аз 1,5 миллион мусофир хизмат расонидаанд
Ҳоким Холиқзода бо Сафири нави Арабистони Саудӣ дурнамои ҳамкориро баррасӣ намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 65 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон пойгоҳои базавии стандартӣ 5G насб карда мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи дуюми Шурои кории Тоҷикистону Туркманистон баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли равон тавассути ҳама намуди нақлиёт беш аз 76 миллион тонна бор ва 552 миллион мусофир интиқол дода шуд
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Агентии давлатии ҳамкории байналмилалӣ ва рушди Чин баррасӣ шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 55 деҳа, маҳалла ва шаҳракҳои Тоҷикистон тадқиқоти муҳандисӣ-геологӣ анҷом дода шуд
Телевизиони «Синамо» силсилафилми ҳунарии «Нерӯи ишқ»-ро таҳия намуд
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ шинос гардид






