ДЕҲОТИ РАҚАМӢ. Лоиҳа бо мақсади беҳтар намудани дастрасии интернет ва алоқаи мобилӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон амалӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Барои коҳиш додани тафовути рақамӣ байни пойтахти мамлакат ва минтақаҳои он аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд? Зеро, тавре маълум аст, сокинони шаҳри Душанбе нисбат ба истиқоматкунандагони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар самти дастрасӣ ба интернет ва алоқаи мобилӣ имкониятҳои бештар доранд. Чунин суол дод хабарнигори АМИТ «Ховар» имрӯз зимни нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло посух дод, ки «айни ҳол дар самти дастрасӣ ба интернет ва алоқаи мобилӣ дар як қатор минтақаҳои ҷумҳурӣ мушкилот вуҷуд дорад. Дар ин замина, аз ҷониби хадамот бо мақсади коҳиш додани тафовути рақамӣ ва таъмин намудани дастрасии баробари аҳолӣ ба интернет ва хизматрасониҳои алоқа як қатор тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодааст. Аз ҷумла, 28 марти соли равон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи хизматрасониҳои универсалиро тасдиқ намуд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки сатҳи дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ва интернет дар деҳаҳои дурдасту кӯҳистонӣ ва маҳалҳои камаҳолӣ беҳтар гардад».
«Дар доираи нақшаи амалисозии «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» лоиҳаи «Деҳоти рақамӣ» амалӣ карда мешавад, ки ҳадафи он таъмин намудани деҳаҳои дурдасти мамлакат бо хизматрасониҳои интернетӣ ва алоқа мебошад.Татбиқи ин тадбирҳо барои коҳиш додани тафовути рақамӣ ва баланд бардоштани сатҳи дастрасии аҳолии ҷумҳурӣ ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мусоидат хоҳад намуд, -афзуд сардори Хадамоти алоқа.
Таъкид гардид, ки сокинони мамлакат пайваста аз сифати пасти интернет ва алоқаи мобилӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳар моҳ ба ширкатҳои мобилӣ маблағ пардохт намуда, бастаҳои интернетӣ (мегабайт) харидорӣ мекунанд, аммо бинобар суръати пасти интернет наметавонанд аз ҳаҷми пурраи онҳо истифода баранд. Дар натиҷа муҳлати истифодаи бастаҳои интернетӣ ба анҷом мерасад ва истифодабарандагон маҷбур мешаванд барои моҳи оянда дубора бастаҳои нав харидорӣ намоянд.
Ҳамзамон сокинони деҳаҳо махсусан маҳаллаҳои дурдасту кӯҳистонӣ, аз дастрас набудани алоқа ва интернети мобилӣ шикоят доранд. Масалан зимни сафар ба чанд деҳаи вилояти Хатлон мушоҳида гардид, ки дар баъзе маҳалҳо танҳо як нуқтаи муайян барои қабули сигнали алоқа ва истифодаи интернет мавҷуд аст. Аз ин рӯ, сокинон маҷбур мешаванд барои занг задан ё истифода аз интернет маҳз ба ҳамон нуқта раванд, зеро дар дигар ҷойҳои деҳа шабака дастрас нест.
Дар робита ба ин дар нишасти матбуотии хадамот иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ бо рақами кӯтоҳи «4030» барои ҳалли масъалаҳои техникӣ ва дархостҳои марбут ба сатҳу сифати соҳаи алоқа 1323 адад арзу шикоят ворид гардид. Аз ин шумора 452 адад дар раванди иҷро қарор дошта, 871 адад мушкилиҳо бартараф карда шуданд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






