Дар семоҳаи аввали соли 2022 аз ҳисоби андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ беш аз 3,5 млрд сомонӣ ворид карда шуд

Май 2, 2022 13:57

ДУШАНБЕ, 02.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар семоҳаи аввали соли 2022 ба андозаи 103,3% таъмин гардида, ба ҷойи 3 млрд 451 млн сомонӣ ба буҷети давлатӣ 3 млрд 565,6 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 114,6 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин давра иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 106,3%, вилояти Хатлон 101,8%, вилояти Суғд 106,1%, шаҳри Душанбе 102,1% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 102,6% таъмин карда шуд.

Инчунин дар семоҳаи аввали соли равон аз ҷониби Кумитаи андоз дар натиҷаи анҷом додани ҳама намуд корҳои назоратӣ аз ҳисоби кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо дар маҷмӯъ 484 млн сомонӣ маблағи андозҳо ошкор карда шуд.

Аз ҳисоби маблағҳои дар натиҷаи корҳои назоратӣ ошкоршуда бо дарназардошти маблағи бақияи солҳои қаблӣ ба буҷет 375 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 млн сомонӣ зиёд буда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда ва ба буҷет ворид намудани маблағҳо чораҷӯиҳо идома доранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 2, 2022 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ баргузор шуд
Намояндагони «Тоҷикаэронавигатсия» бо раванди таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Академияи давлатии авиатсияи Беларус шинос гардиданд
Дар Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Кӯлоб шинос гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои ИДМ дар Минск доир шуд
Дар Лондон масъалаҳо оид ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон баррасӣ гардиданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР АМНИЯТИ КИБЕРӢ. Андешаҳо оид ба имконот ва таъсири он ба мудофиаи киберӣ
Дар Душанбе ҷаласаҳои муштараки соҳаи алоқаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд
Дар мавзуи «Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳукумати электронӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Хуросон ҷамъоварии пахта идома дорад
Эъломияи Сеул ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяро дар соҳаи зеҳни сунъӣ тақвият медиҳад
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид