Дар шаҳри Норак ба гиромидошти хотираи неки собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 07.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 май дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Норак бахшида ба солгарди 77-уми Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (ҶДҶ) ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, хабар доданд дар мақормоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба АМИТ «Ховар».
Раиси шаҳр Дилшод Асозода собиқадорони ҷангу меҳнат ва сокинони шаҳрро бо Рӯзи Ғалаба самимона шодбош гуфта, иброз намуд, ки “иди Ғалаба як саҳифаи пурифтихори таърихи миллати мост, ки дар он корномаҳои ибратомӯз ва қаҳрамонию мардонагии падарону бобоёни мо дар майдонҳои ҳарбу зарб бо хати заррин сабт шудааст. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар дили ҳар нафар ҷароҳате гузошта, корномаҳои диловарони Ватан ва заҳмати созандаи мардуми ақибгоҳ барои насли наврас ҳамчун рамзи ватандӯстӣ ҷовидон боқӣ мемонад. Итминони комил дорам, ки корномаи фидокорону фидоиёни Ватан то абад поянда ва абадӣ хоҳад монд”.
Барномаи ҳунарии кормандони бахши фарҳанг ва қисми ҳарбии Русия, воқеъ дар шаҳри Норак идомабахши ҷамъомад гардид.
АКС: МИҲД ш. Норак













Дар Душанбе ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» қадрдонӣ гардиданд
Дар даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» 370 хонандаю донишҷӯ иштирок менамоянд
«Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030». Барои пешгирӣ аз ин беморӣ чӣ бояд кард?
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. Кормандони соҳаи хизмати давлатӣ дар Беларус такмили таҷриба менамоянд
Форуми байналмилалии малакаҳо: Тоҷикистон — 2026 дар ноҳияи Данғара оғоз шуд
Муовини якуми Раиси ҲХДТ дар Конфронси II байналмилалии байниҳизбӣ дар Беларус иштирок намуд
Лоиҳаҳои барномаҳои пешгирӣ ва назорати диабети қанд ва рушди саноати фарматсевтӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 таҳия гардиданд
Сарвари давлат: «Дар Қуръони маҷид нахустин ояте, ки нозил шудааст, ба илму маърифат, яъне ҳидоят ба «хондан» бахшида шудааст»
Форуми байналмилалии «Занон ва об-2026» ба пешбурди масъалаҳои гендерӣ дар соҳаи об мусоидат намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Занон ва об» оғоз гардид






