Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2022 медали биринҷӣ ба даст овард

Май 21, 2022 10:21

ДУШАНБЕ, 21.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 май мусобиқаи чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид. Дар рӯзи охири мусобиқа дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов бо ҳамсолони худ аз Эрон бозӣ  карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Барои ба даст овардани ҷоми мусобиқа дастаҳои наврасони Узбекистон ва Эрон то даври 5-ум мубориза бурданд. Наврасони Узбекистон дар бозии охир бо ҳисоби 3 бар 2 наврасони Қирғизистонро мағлуб карданд.

Ҳамин тавр, аз рӯи таносуби тӯбҳо ва имтиёзи якхела (10 имтиёзӣ) наврасони то 16 солаи Эрон чемпиони мусобиқа гардиданд.  Наврасони то 16 солаи Узбекистон нишони нуқра ва наврсони то 16 солаи Тоҷикистон нишони биринҷии мусобиқаро соҳиб шуданд. Дастаҳои Афғонистон ва Қирғизистон бо касби камтари имтиёзҳо дар зинаҳои 4-ум ва 5-ум мутаносибан ҷой гирифтанд.

Ҳама бозиҳои чемпионати CAFA давоми як ҳафта дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе гузаронида шуданд.

Чемпионати CAFA-202 (U-16)

 Даври 5

 20 май (ҷумъа)

18:00 –  Қирғизистон 2:3  Узбекистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН 0:7 Эрон

 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Акс: ФФТ

Май 21, 2022 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси КФО дар Ванкувер иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: имрӯз қуръакашии мусобиқа баргузор мегардад
Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд
Варзишгарони навраси Ёвон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад