Мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон ва Барномаи шуъбаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ дар Вашингтон ҳамкориро баррасӣ карданд

Май 18, 2022 08:22

ДУШАНБЕ, 18.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 май Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо роҳбари Барномаи шуъбаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL) дар Вашингтон Тереза Грентхем вохӯрӣ баргузор намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи самтҳои фаъолияти Агентӣ ва вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, инчунин оид ба ҳамкории судманди дуҷониба дар самти мубориза, назорат ва пешгирии нашъамандӣ ибрози назар намуданд.

Дар анҷоми мулоқот Тереза Грентхем оид ба ҳамкории минбаъдаи мутақобилан судманди Агентӣ ва Барномаи INL сухан гуфта, аз сатҳи ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ кард.

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ

Май 18, 2022 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид