Муҳлати номнависӣ ба Конфронси дуюми оби Душанбе то 20 майи соли 2022 тамдид гардид

Май 11, 2022 08:33

ДУШАНБЕ, 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бино бар дархости ҳайатҳои расмии кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид (СММ) муҳлати номнависӣ ба Конфронси дуюми оби Душанбе то 20 майи соли 2022 тамдид карда шуд. Дар ин бора дар нишасти дуюми тадорукотию ташрифотӣ, ки 4 май таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва бо ҳузури роҳбарияти мақомоти узви Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор шуд, таъкид гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дар нишасти навбатӣ ҷонибҳо раванди татбиқи натиҷаи ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми оби Душанберо, ки 12 апрели соли 2022 таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баррасӣ намуданд. Ҳамчунин раванди омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои Конфронси дуюми Душанбе, аз ҷумла танзими намоишгоҳ, форумҳои пешазконфронсӣ, Марафон бо иштироки хонуми австралиягӣ — Мина Гулӣ, яке аз давандҳои машҳур дар пешбурди масъалаҳои об, Фестивали оби Душанбе, экскурсияҳо, намоиши «Ҳақиқати виртуалӣ» (Virtual Reality, VR) дар мавзӯи “Таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи об” ва ғайра муҳокима гардида, дар зимн зарурати таҳкими раванди татбиқи вазифаҳои муштарак таъкид шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути пешбурди масъалаҳои марбут ба об ва иқлим дар Рӯзномаи ҷаҳонии рушд ва пешниҳоди қатъномаҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид оид ба ин масъалаҳо ҳамчун кишвари ташаббускору пешсаф эътироф шуда, саҳми босазои худро дар ин раванд мегузорад.

Ҳоло Конфронси дуюми оби Душанбе дар доираи татбиқи ташаббуси чоруми Пешвои миллат оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” барпо шуда, он ҳамчун чорабинии муҳими ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 (Ню-Йорк) пешбарӣ мешавад.

Дар ҳолати имрӯза тавассути торнамои конфронс беш аз 1000 нафар даъватшудагон  иштироки худро таъйид карданд. Бино бар дархости ҳайатҳои расмии кишварҳои узви СММ, муҳлати номнависӣ то 20 майи соли 2022 тамдид карда шуд. Номнависии тамоми ширкаткунандагон, аз ҷумла ҳайатҳои расмӣ дар Конфронси дуюми оби Душанбе тавассути пайванди www.dushanbewaterprocess.org/registration/ ҳатмӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» 6-9 июни соли 2022 зери унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Акс: ВКХ ҶТ

Май 11, 2022 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни олмонӣ — омӯзандагони забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи Ҳумболдти Берлин вохӯрӣ намуд
Ҳамкории судманд байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази машваратии ҳуқуқии Созмони ҷаҳонии савдо пазируфта шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Риёз нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд баргузор гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба масъалаи маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаи обрасонӣ ва санитария таваҷҷуҳи махсус дода мешавад
Низоми бераводид байни Тоҷикистон ва Молдова нигоҳ дошта мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Ассамблеяи парлумонии Осиё мулоқот намуд
Сафорати Тоҷикистон дарҳояшро барои хонандагони Москва боз намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод нишасти матбуотӣ оид ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалии об баргузор гардид
Ҳолати кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Таиланд баррасӣ гардид