Муассисаи нашриявии «Ирфон» дар саҳни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ намоиш — фурӯши китоб ташкил менамояд

Май 4, 2022 14:48

ДУШАНБЕ, 04.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки моҳи майи имсол дар саҳни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо мақсади рушди китобу китобхонӣ намоиш — фурӯши китоб ташкил намояд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар муассисаи мазкур.

Тавре директори Муассисаи нашриявии «Ирфон», номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қурбон Ғуломзода иброз дошт, зимнан, аз ҷониби кормандони муассиса 21 ҷилди силсиламаҷмӯаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ омода гардидаанд.

Дар намоиш – фурӯш аз ҷилди 11 то 21 бо забони русӣ ва аз ҷилди 13 то 21-и асари  мазкур бо забони тоҷикӣ пешниҳод мегардад.

Тибқи ҷадвали баргузории ин чорабинӣ, пагоҳ, 5 май дар  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, 6 май дар  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, 7 май дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, 10 май дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, 11 май дар   Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, 12 май дар  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, 13 май дар Донишгоҳи молия ва иқтисоли Тоҷикистон, 14 май дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, 16 май дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, 17 май дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, 18 май дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, 19 май дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, 20 май дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, 21 май дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 май дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, 24 май дар Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон, 25 май дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе, 26 май дар Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии “МИСИС” дар шаҳри Душанбе, 27 май дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе намоиш – фурӯши китоб доир мешавад.

Тавре Қурбон Ғуломзода иброз дошт, дар ин давраи ҳассосе, ки ҷангҳои фарҳангӣ дар фазои иттилоотӣ ба шиддат сурат мегиранд,  бо теъдоди зиёд нашр ва паҳн намудани китоби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», ки тарғибкунандаи рӯҳи истиқлолу озодӣ, ваҳдату ягонагӣ, ормонҳои миллӣ, ҳимоя аз асолати фарҳангӣ ва тамомияти арзист, айни муддао хоҳад буд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар мамолики хориҷ китобҳое, ки дар роҳи ҳимояи манофеи миллӣ навишта мешаванд, бо теъдоди хеле зиёд ва аз ҷиҳати полиграфӣ дар сатҳи баланд нашр гардида, дастраси хонандагон мешаванд ва ҳамзамон  бо инобати талаботи ҷомеа пайваста бознашр мегарданд.

АКС: Муассисаи нашриявии «Ирфон»

 

Май 4, 2022 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Дар Минск нахустин тарабхонаи тоҷикӣ бо номи «Умари Хайём» ифтитоҳ гардид
Роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ дар Рим осорхонаҳои Капитолиниро тамошо намуданд
Китоби «Арзёбии метеорологию экологии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим» ба нашр расид
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Устод Айнӣ дар ин асар ориёӣ будани халқи тоҷикро собит намудааст
ВАССОФИ ВАТАН. Бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ баргузор мешавад
«РОБИАИ БАЛХӢ — НОБИҒАИ ШЕЪРИ ТОҶИК». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Тоҷикобод конфронси илмӣ доир шуд
ҲАМЕША БО ВАТАН БУДАМ. Ба зодрӯзи вассофи сулҳу дӯстӣ, Каҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода 115 сол пур мешавад
Ба муносибати 115-солагии Мирзо Турсунзода дар шаҳри Турсунзода конференсияи илмӣ-назариявӣ-ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Рим Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон — кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Баргузории фестивал-озмун ба баланд бардоштани мақоми либоси миллӣ мусоидат менамояд