Тоҷикистон мизбони бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 интихоб гардид

Май 16, 2022 14:20

ДУШАНБЕ, 16.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё кишварҳоеро эълон кард, ки тирамоҳи имсол бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-20)-ро мизбонӣ мекунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои наврасони то 17-сола аз 1 то 9 октябр баргузор мешавад. Даҳ кишвар – Австралия, Бангладеш, Индонезия, Урдун, Қирғизистон, Уммон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Узбекистон ва Ветнам мизбон интихоб шудаанд. Дар ин мусобиқа даҳ гурӯҳ ташкил мешавад: шаш гурӯҳ иборат аз чордастаӣ ва чор гурӯҳ аз панҷдастаӣ.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё миёни наврасон, ки аз 3 то 20 майи соли 2023 дар Баҳрайн баргузор мешавад, ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дувумро гирифтаанд, роҳ меёбанд.

Баҳрайн, Индонезия, Ироқ, Урдун, Қирғизистон, Лаос, Муғулистон, Уммон, Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон мизбонии гурӯҳҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20- соларо ба уҳда  мегиранд. Мусобиқаи интихобӣ аз 10 то 18 сентябр баргузор мешавад. Тибқи қуръакашӣ 44 даста ба даҳ гурӯҳ тақсим мешаванд: шаш гурӯҳи чаҳордастагӣ ва чаҳор гурӯҳи панҷдастагӣ.

Ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро гирифтанд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 1 то 18 марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Акс: ФФТ

 

Май 16, 2022 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси КФО дар Ванкувер иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: имрӯз қуръакашии мусобиқа баргузор мегардад
Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд