Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб барномаи идона доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва дигар шахсони масъул барномаи идона баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар бахши матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.
Роҳбарияти шаҳр аз намоиши ҳунарҳои дастии хурдсолон – тарбиятгирандагони боғчаҳои бачагона ва муассисаҳои таълимии шаҳр дидан намуданд. Зимни боздид аз намоишгоҳи ҳунарии кӯдакону наврасон ба маҳорати онҳо баҳои баланд дода шуд.
Зимни барномаи тантанавӣ Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ҳамаи кӯдакону наврасон ва иштирокчиёнро бо ин санаи фархуда табрик намуд. Мавсуф гуфт, ки “дар Тоҷикистон аз тарафи давлату Ҳукумат ва аҳли ҷомеа ба тарбияи насли наврас аҳамияти ҳамаҷониба дода мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз доштаанд, ки танҳо насли навраси аз ҷиҳати зеҳнӣ ва ҷисмонӣ солим метавонад дар оянда барои халқу миллат хизматҳои арзанда кунад. Ба ин хотир дар мамлакат аз 22 июни соли 2019 “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” амал мекунад. Мақсад аз таҳияи барномаи мазкур беҳтар намудани шароит ва сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ва ба танзим даровардани системаи тарбияи кӯдакони синни томактабӣ мебошад”.
Ҳамчунин дар ин рӯз як гурӯҳ фаъолони шаҳр барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас, дар замири кӯдакон парваридани меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан ва тарғиби меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ карда шуданд.
Дар давоми барнома аз ҷониби роҳбарияти шаҳр ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.
Дар охир барномаи фарҳангии омоданамудаи бахши фарҳанг, тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо ва муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
АКС: МИҲД-и шаҳри Кӯлоб












Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод шукуҳманд баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Варзоб ва Муъминобод баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
Имрӯз дар боғҳои Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод ва Нуробод баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 228 нафар хатм намуданд
«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Италия намоиши шоҳкорҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад






