ФУТЗАЛ.«Равшан», «Соро компания» ва «Сипар» дар бозиҳои даври дуюми Суперлигаи Тоҷикистон ғолиб гардиданд

Июнь 9, 2022 09:21

ДУШАНБЕ, 09.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври дуюми Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал дар толорҳои  варзишӣ мамлакатамон хеле ҷолиб  баргузор шуданд. Бо натиҷагирӣ аз ду даври бозиҳо дастаи футзали «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо 6 хол дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи футзали «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар даври дуюм бар дастаи  КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 6:5 пирӯз шуд.

Дар бозиҳои дигар  бошад, дастаҳои  футзали  «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  бар  «Пойтахт»-и шаҳри  Душанбе   бо ҳисоби 5:2, «Соро компания»-и шаҳри Душанбе   бар «Самандар»-и  шаҳри Турсунзода  бо ҳисоби  15:1 ва «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд  бар «Истиқлол»-и шаҳри Душнабе бо ҳисоби 4:1 ғолиб омаданд

Ёдовар мешавем, ки   бозиҳои даври сеюми  Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал  11-12 июни соли равон баргузор мегарданд. 11 июн дастаҳои футзали  «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд  бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Самандар»-и  шаҳри Турсунзода бо «Истиқлол»-и шаҳри Душнабе  ва  12 июн   дастаҳои   «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб  бо  «Соро компания»-и  шаҳри Душанбе   ва  «Пойтахт»-и шаҳри  Душанбе   бо КМВА-и шаҳри Душанбе бозӣ мекунанд.

                                                                                                     Акс: ФФТ

Июнь 9, 2022 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард