Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ

Май 5, 2026 19:00

ДУШАНБЕ, 05.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрванд Содиқов Маннон Ҳасанович, соли таваллудаш 1965,  истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара аз 27-уми апрели соли 2026 ҳамчун шахси бе ному нишон гумшуда ба қайд гирифта шуда, баъди гузаштани 5 рӯз ҷасади номбурда дар зери хок аз манзили зисти сохтмонаш нотамоми шаҳрванд Юлдошев Абдунабӣ, воқеъ дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри мазкур бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид.

Дар натиҷаи доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Бобоев Эҳсон Комилбоевич, соли таваллудаш 1995 ва тағояш Шарипов Юсуф Мусобоевич, соли таваллудаш 1980, сокинони ҷамоати деҳоти Сурх дар асоси маслиҳати пешакӣ 27-уми апрели соли ҷорӣ, тахминан соати 03:00-дақиқа бо мақсади содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ Содиқов Маннонро бо баҳонаи ба шаҳри Душанбе рафтан ва аз маҳбас озод намудани фарзандаш  Содиқов Абдусалом, ба дохили воситаи нақлиёти тамғаи «БМВ», рақами қайди давлатиаш 33-77 ZZ 02 савор карда, ба самти шаҳри Исфара ҳаракат намудаанд.

Гумонбарон дар дохили воситаи нақлиёт дастони Содиқов Маннонро бо ресмон баста, 100 000 доллари ИМА-ро, ки бо худ доштааст, тасарруф намуда, ба манзили зисти сохтмонаш нотамоми шаҳрванд Юлдошев Абдунабӣ омада, дар таҳхонаи он бо истифода аз корди хоҷагӣ, 2 маротиба ба қисми чапи китф ва 7 маротиба ба қисмати рости гардани Содиқов Маннон зарба зада, ба ҳалокат расонидаанд ва ҷасадро дар саҳни манзили истиқоматӣ зери хок намудаанд.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбарон-содиркунандагони ҷинояти махсусан вазнин Шарипов Юсуф ва Бобоев Эҳсон дастгир карда шуданд.

Май 5, 2026 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид